١يُسَبِّحُ لِلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۖ لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ ۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
1Худоро тасбеҳ мегӯянд ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст. Фармонравоӣ аз они Ӯст ва шукр сазовори Ӯст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност!
٢هُوَ الَّذِي خَلَقَكُمْ فَمِنْكُمْ كَافِرٌ وَمِنْكُمْ مُؤْمِنٌ ۚ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ
2Ӯст, ки шуморо биёфарид. Баъзе аз шумо кофир ва баъзе мӯъминанд. Ва корҳое, ки мекунед, мебинад!
٣خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ بِالْحَقِّ وَصَوَّرَكُمْ فَأَحْسَنَ صُوَرَكُمْ ۖ وَإِلَيْهِ الْمَصِيرُ
3Осмонҳову заминро ба ҳақ биёфарид ва шуморо сурат баст ва некӯ сурат баст. Ва бозгашти ҳама ба сӯи Ӯст!
٤يَعْلَمُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَيَعْلَمُ مَا تُسِرُّونَ وَمَا تُعْلِنُونَ ۚ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ
4Ҳар чиро дар осмонҳову замин аст, медонад ва ба он чӣ пинҳон медоред, ё ошкор месозед, огоҳ аст. Ва Худо ба ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад, доно аст!
٥أَلَمْ يَأْتِكُمْ نَبَأُ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ قَبْلُ فَذَاقُوا وَبَالَ أَمْرِهِمْ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ
5Оё шуморо хабари касоне, ки аз ин пеш кофир шуда буданд, нарасидааст? Уқубати амалашонро чашиданд ва онҳорост азобе дардовар.
٦ذَٰلِكَ بِأَنَّهُ كَانَتْ تَأْتِيهِمْ رُسُلُهُمْ بِالْبَيِّنَاتِ فَقَالُوا أَبَشَرٌ يَهْدُونَنَا فَكَفَرُوا وَتَوَلَّوْا ۚ وَاسْتَغْنَى اللَّهُ ۚ وَاللَّهُ غَنِيٌّ حَمِيدٌ
6Ин ба ҷазои он буд, ки паёмбаронашон бо далелҳои равшан бар онон фиристода шуданд, Ва онҳо гуфтанд: «Оё одамиён моро ҳидоят мекунанд?» Пас кофир шуданд ва рӯйгардон гаштанд ва Худо беҳоҷат асту тавонгар ва сазовори ситоиш аст.
٧زَعَمَ الَّذِينَ كَفَرُوا أَنْ لَنْ يُبْعَثُوا ۚ قُلْ بَلَىٰ وَرَبِّي لَتُبْعَثُنَّ ثُمَّ لَتُنَبَّؤُنَّ بِمَا عَمِلْتُمْ ۚ وَذَٰلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيرٌ
7Кофирон пиндоштанд, ки онҳоро зинда намекунанд. Бигӯ: «Оре, ба Парвардигорам савганд, ки шуморо зинда мекунанд, то ба корҳое, ки кардаед, огоҳ, созанд. Ва ин бар Худо осон аст».
٨فَآمِنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَالنُّورِ الَّذِي أَنْزَلْنَا ۚ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ
8Пас ба Худову паёмбараш ва ин нур, ки нозил кардаем, имон биёваред. Ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!
٩يَوْمَ يَجْمَعُكُمْ لِيَوْمِ الْجَمْعِ ۖ ذَٰلِكَ يَوْمُ التَّغَابُنِ ۗ وَمَنْ يُؤْمِنْ بِاللَّهِ وَيَعْمَلْ صَالِحًا يُكَفِّرْ عَنْهُ سَيِّئَاتِهِ وَيُدْخِلْهُ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ۚ ذَٰلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ
9Рӯзе, ки ҳамаи шуморо дар маҳшар ҷамъ оварад, он рӯз рӯзи зиён аст. Ва ҳар ки ба Худо имон биёварад ва кори шоиста кунад, гуноҳонашро мерезад ва ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дохил кунад. Он ҷо ҷовидона хоҳанд буд. Ин комёбии бузургест!
١٠وَالَّذِينَ كَفَرُوا وَكَذَّبُوا بِآيَاتِنَا أُولَٰئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ خَالِدِينَ فِيهَا ۖ وَبِئْسَ الْمَصِيرُ
10Ва онон, ки кофир шуданд ва оёти Моро дурӯғ бароварданд, аҳли оташанд. Дар он ҷовидонаанд ва ҷаҳаннам бад бозгаштест!
١١مَا أَصَابَ مِنْ مُصِيبَةٍ إِلَّا بِإِذْنِ اللَّهِ ۗ وَمَنْ يُؤْمِنْ بِاللَّهِ يَهْدِ قَلْبَهُ ۚ وَاللَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ
11Ҳеҷ мусибате бе фармони Худо ба касе намерасад, Ва ҳар кӣ ба Худо имон биёварад, Худо қалбашро ҳидоят мекунад,. Ва Худо ба ҳар чизе доност!
١٢وَأَطِيعُوا اللَّهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ ۚ فَإِنْ تَوَلَّيْتُمْ فَإِنَّمَا عَلَىٰ رَسُولِنَا الْبَلَاغُ الْمُبِينُ
12Худоро итоъат кунед ва паёмбарро итоъат кунед. Пас агар шумо рӯй гардонед, бар фиристодаи Мо вазифае ғайри расонидани паёми ошкор нест.
١٣اللَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ۚ وَعَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ
13Худо яктост, ки ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест. Мӯъминон, албатта, бар Худои якто таваккал кунанд.
١٤يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّ مِنْ أَزْوَاجِكُمْ وَأَوْلَادِكُمْ عَدُوًّا لَكُمْ فَاحْذَرُوهُمْ ۚ وَإِنْ تَعْفُوا وَتَصْفَحُوا وَتَغْفِرُوا فَإِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ
14Эй касоне, ки имон овардаед, баъзе аз занону фарзандонатон душмани шумо ҳастанд. Аз онҳо ҳазар кунед, Ва агар афв кунед ва чашм бипӯшеду гуноҳашон пӯшида доред, Худо бахшояндаву меҳрубон аст!
١٥إِنَّمَا أَمْوَالُكُمْ وَأَوْلَادُكُمْ فِتْنَةٌ ۚ وَاللَّهُ عِنْدَهُ أَجْرٌ عَظِيمٌ
15Ҷуз ин нест, ки амволу авлоди шумо озмоише ҳастанд. Ва ҳол он ки музди фаровон назди Худост.
١٦فَاتَّقُوا اللَّهَ مَا اسْتَطَعْتُمْ وَاسْمَعُوا وَأَطِيعُوا وَأَنْفِقُوا خَيْرًا لِأَنْفُسِكُمْ ۗ وَمَنْ يُوقَ شُحَّ نَفْسِهِ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ
16То тавонед, аз Худо битарсед ва гӯш андозед ва итоъат кунед ва ба нафъи худ аз молатон хайр кунед. Ва онон, ки аз ҳирси нафси худ дар амон мондаанд, наҷот ёфтагонанд.
١٧إِنْ تُقْرِضُوا اللَّهَ قَرْضًا حَسَنًا يُضَاعِفْهُ لَكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ۚ وَاللَّهُ شَكُورٌ حَلِيمٌ
17Агар ба Худо қарзулҳасана садақа дар роҳи Худо диҳед, бароятон ду 'баробараш хоҳад кард. Ва шуморо мебахшояд, ки Ӯ шукркунандаву бурдбор аст.
١٨عَالِمُ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ
18Донои ниҳону ошкор аст, ғолибу ҳаким аст!