١يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ لِمَ تُحَرِّمُ مَا أَحَلَّ اللَّهُ لَكَ ۖ تَبْتَغِي مَرْضَاتَ أَزْوَاجِكَ ۚ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ
1Эй паёмбар, чаро чизеро, ки Худо бар ту ҳалол кардааст, ба хотири хушнуд сохтани занонат бар худ ҳаром мекунӣ? Ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст!
٢قَدْ فَرَضَ اللَّهُ لَكُمْ تَحِلَّةَ أَيْمَانِكُمْ ۚ وَاللَّهُ مَوْلَاكُمْ ۖ وَهُوَ الْعَلِيمُ الْحَكِيمُ
2Худо барои шумо кушодани савганд ҳоятонро муқаррар дошта аст. Худост ёвари шумо ва Ӯст донову ҳаким!
٣وَإِذْ أَسَرَّ النَّبِيُّ إِلَىٰ بَعْضِ أَزْوَاجِهِ حَدِيثًا فَلَمَّا نَبَّأَتْ بِهِ وَأَظْهَرَهُ اللَّهُ عَلَيْهِ عَرَّفَ بَعْضَهُ وَأَعْرَضَ عَنْ بَعْضٍ ۖ فَلَمَّا نَبَّأَهَا بِهِ قَالَتْ مَنْ أَنْبَأَكَ هَٰذَا ۖ قَالَ نَبَّأَنِيَ الْعَلِيمُ الْخَبِيرُ
3Он гоҳ ки паёмбар бо яке аз занони худ розе дар миён ниҳод, чун он зан он роз бо дигаре бозгуфт. Худо паёмбарро аз он огоҳ сохт ва ӯ баъзе аз он розро бар он зан ошкор, кард ва аз ифшон баъзеи дигар рӯй тофт. Чун ӯро аз он хабар дод, гуфт: «Чӣ касе туро аз ин моҷаро огоҳ кардааст?» Гуфт: «Он Худои донои огоҳ ба ман хабар додааст».
٤إِنْ تَتُوبَا إِلَى اللَّهِ فَقَدْ صَغَتْ قُلُوبُكُمَا ۖ وَإِنْ تَظَاهَرَا عَلَيْهِ فَإِنَّ اللَّهَ هُوَ مَوْلَاهُ وَجِبْرِيلُ وَصَالِحُ الْمُؤْمِنِينَ ۖ وَالْمَلَائِكَةُ بَعْدَ ذَٰلِكَ ظَهِيرٌ
4Агар шумо ду зан тавба кунед, беҳтар аст, зеро дилҳоятон аз ҳақ бозгаштааст. Ва агар барои озораш ҳамдаст шавед, Худо ёвари ӯст ва низ Ҷабраил ва мӯъминони шоиставу фаришгагон аз он пас ёвари ӯ хоҳанд буд,
٥عَسَىٰ رَبُّهُ إِنْ طَلَّقَكُنَّ أَنْ يُبْدِلَهُ أَزْوَاجًا خَيْرًا مِنْكُنَّ مُسْلِمَاتٍ مُؤْمِنَاتٍ قَانِتَاتٍ تَائِبَاتٍ عَابِدَاتٍ سَائِحَاتٍ ثَيِّبَاتٍ وَأَبْكَارًا
5Шояд агар шуморо талоқ гӯяд, Парвардигораш ба ҷои шумо заноне, беҳтар аз шумояш бидиҳад. Заноне мусалмон, мӯъмин, фармонбардор, тавбакунанда, ибодаткунанда рӯзагиранда, хоҳ шавҳар карда, хоҳ бокира.
٦يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا قُوا أَنْفُسَكُمْ وَأَهْلِيكُمْ نَارًا وَقُودُهَا النَّاسُ وَالْحِجَارَةُ عَلَيْهَا مَلَائِكَةٌ غِلَاظٌ شِدَادٌ لَا يَعْصُونَ اللَّهَ مَا أَمَرَهُمْ وَيَفْعَلُونَ مَا يُؤْمَرُونَ
6Эй касоне, ки имон овардаед, худ ва хонаводаи худро аз оташе, ки ҳезуми он мардум ва сангҳо ҳастанд, нигаҳ доред. Фариштагоне дуруштгуфтору сахтгир бар он оташ муваккаланд (вазифадор). Ҳар чӣ Худо бигӯяд, нофармонӣ намекунанд ва ҳамон мекунанд, ки ба он амр шудаанд.
٧يَا أَيُّهَا الَّذِينَ كَفَرُوا لَا تَعْتَذِرُوا الْيَوْمَ ۖ إِنَّمَا تُجْزَوْنَ مَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ
7Эй кофирон, дар он рӯз узр махоҳед. Фақат баробари коре, ки кардаед, ҷазо дода шавед.
٨يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا تُوبُوا إِلَى اللَّهِ تَوْبَةً نَصُوحًا عَسَىٰ رَبُّكُمْ أَنْ يُكَفِّرَ عَنْكُمْ سَيِّئَاتِكُمْ وَيُدْخِلَكُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ يَوْمَ لَا يُخْزِي اللَّهُ النَّبِيَّ وَالَّذِينَ آمَنُوا مَعَهُ ۖ نُورُهُمْ يَسْعَىٰ بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَبِأَيْمَانِهِمْ يَقُولُونَ رَبَّنَا أَتْمِمْ لَنَا نُورَنَا وَاغْفِرْ لَنَا ۖ إِنَّكَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
8Эй касоне, ки имон овардаед, ба даргоҳи Худо тавба кунед, тавбае аз рӯи ихлос. Бошад, ки Парвардигоратон гуноҳонатонро маҳв (дур) кунад ва шуморо ба биҳиштҳое дохил кунад, ки дар он наҳрҳо ҷорист. Дар он рӯз Худо паёмбар ва касонеро, ки бо ӯ имон овардаанд, хору зор накунад ва нурашон пешопеш ва самти росташон дар ҳаракат бошад. Мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, нури моро барои мо ба камол расон ва моро бибахшой, ки Ту бар ҳар коре тавоно ҳастӣ!»
٩يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ جَاهِدِ الْكُفَّارَ وَالْمُنَافِقِينَ وَاغْلُظْ عَلَيْهِمْ ۚ وَمَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ ۖ وَبِئْسَ الْمَصِيرُ
9Эй паёмбар, ба кофирону мунофиқон: чиҳод кун ва бар онҳо сахт бигир. Ҷойгоҳашон ҷаҳаннаад аст, ки бад ҷои бозгашт аст!
١٠ضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا لِلَّذِينَ كَفَرُوا امْرَأَتَ نُوحٍ وَامْرَأَتَ لُوطٍ ۖ كَانَتَا تَحْتَ عَبْدَيْنِ مِنْ عِبَادِنَا صَالِحَيْنِ فَخَانَتَاهُمَا فَلَمْ يُغْنِيَا عَنْهُمَا مِنَ اللَّهِ شَيْئًا وَقِيلَ ادْخُلَا النَّارَ مَعَ الدَّاخِلِينَ
10Худо барои кофирон мисоли зани Нӯҳу зани Лутро меоварад, ки ҳар ду дар никоҳи ду тан аз бандагони солеҳи Мо буданд ва ба он ду хиёнат карданд, Ва онҳо натавонистанд аз занони худ дафъи азоб кунанд ва гуфта шуд: «Бо дигарон ба оташ дароед!»
١١وَضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا لِلَّذِينَ آمَنُوا امْرَأَتَ فِرْعَوْنَ إِذْ قَالَتْ رَبِّ ابْنِ لِي عِنْدَكَ بَيْتًا فِي الْجَنَّةِ وَنَجِّنِي مِنْ فِرْعَوْنَ وَعَمَلِهِ وَنَجِّنِي مِنَ الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ
11Ва Худо барои касоне, ки имон овардаанд, зани Фиръавнро мисол меорад, он гоҳ ки гуфт: «Эй Парвардигори ман, барои ман дар биҳишт назди Худ хонае бино кун ва маро аз Фиръавн ва амалаш наҷот деҳ ва маро аз мардуми золим бираҳон!»
١٢وَمَرْيَمَ ابْنَتَ عِمْرَانَ الَّتِي أَحْصَنَتْ فَرْجَهَا فَنَفَخْنَا فِيهِ مِنْ رُوحِنَا وَصَدَّقَتْ بِكَلِمَاتِ رَبِّهَا وَكُتُبِهِ وَكَانَتْ مِنَ الْقَانِتِينَ
12Ва Марям духтари Имронро, ки шармгоҳи худро аз зино нигаҳ дошт ва Мо аз рӯҳи Худ дар он дамидем. Ва ӯ калимоти Парвардигори худ ва китобҳояшро тасдиқ кард ва ӯ аз фармонбардорон буд.