The Backbiter · al-Humazah · سورة الهمزة · 9 ayahs

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.

وَيْلٌ لِكُلِّ هُمَزَةٍ لُمَزَةٍ

Вой бар ҳар ғайбаткунанда [ва] айбҷӯе!

الَّذِي جَمَعَ مَالًا وَعَدَّدَهُ

[Ҳамон] Касе, ки моли фаровоне гирд овард ва онро шумориш кард

يَحْسَبُ أَنَّ مَالَهُ أَخْلَدَهُ

Гумон мекунад, ки молаш ӯро ҷовидона месозад

كَلَّا ۖ لَيُنْبَذَنَّ فِي الْحُطَمَةِ

Ҳаргиз чунин нест [ки ӯ гумон мекунад]; ҳатман, дар оташи дарҳамкӯбанда андохта хоҳад шуд

وَمَا أَدْرَاكَ مَا الْحُطَمَةُ

Ва [эй Паёмбар] ту чӣ медонӣ, ки оташи дарҳамкӯбанда чист?

نَارُ اللَّهِ الْمُوقَدَةُ

Оташи барафрӯхтаи илоҳӣ аст

الَّتِي تَطَّلِعُ عَلَى الْأَفْئِدَةِ

[Оташе] Ки бар дилҳо чира мегардад [ва месӯзонад]

إِنَّهَا عَلَيْهِمْ مُؤْصَدَةٌ

Бе гумон, он [оташ] бар онон фурубаста [ва аз ҳар сӯ муҳосирашон карда] аст

فِي عَمَدٍ مُمَدَّدَةٍ

[Афрӯхта] Дар сутунҳои баланд аст