Quraish · Quraysh · سورة قريش · 4 ayahs

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.

لِإِيلَافِ قُرَيْشٍ

Барои [сипосгузорӣ аз] ҳамбастагӣ ва унси Қурайш

إِيلَافِهِمْ رِحْلَةَ الشِّتَاءِ وَالصَّيْفِ

[Ҳамон] Ҳамбастагӣ ва унси онон дар сафарҳои зимистонӣ [ба Яман] ва тобистонӣ [ба Шом]

فَلْيَعْبُدُوا رَبَّ هَٰذَا الْبَيْتِ

Бояд Парвардигори хонаи Каъбаро бипарастанд

الَّذِي أَطْعَمَهُمْ مِنْ جُوعٍ وَآمَنَهُمْ مِنْ خَوْفٍ

Ҳамон [Парвардигоре], ки ононро аз гуруснагӣ [раҳонид, ба эшон] хӯрок дод ва аз ваҳшату тарс эмин намуд