Ar-Ra'd 13:16

Compare 2 Tajik translations

قُلْ مَنْ رَبُّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ قُلِ اللَّهُ ۚ قُلْ أَفَاتَّخَذْتُمْ مِنْ دُونِهِ أَوْلِيَاءَ لَا يَمْلِكُونَ لِأَنْفُسِهِمْ نَفْعًا وَلَا ضَرًّا ۚ قُلْ هَلْ يَسْتَوِي الْأَعْمَىٰ وَالْبَصِيرُ أَمْ هَلْ تَسْتَوِي الظُّلُمَاتُ وَالنُّورُ ۗ أَمْ جَعَلُوا لِلَّهِ شُرَكَاءَ خَلَقُوا كَخَلْقِهِ فَتَشَابَهَ الْخَلْقُ عَلَيْهِمْ ۚ قُلِ اللَّهُ خَالِقُ كُلِّ شَيْءٍ وَهُوَ الْوَاحِدُ الْقَهَّارُ

القرآن الكريم

DragHold to move · × to hide

[Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: « Парвардигори осмонҳо ва замин кист»? Бигӯ: «Аллоҳ таоло». [Сипас] Бигӯ: «Оё ба ҷойи Ӯ [дӯстону] корсозоне баргузидаед, ки [ҳатто] молики суду зиёни худ нестанд»? Бигӯ: «Оё нобино ва бино баробаранд? Ё торикиҳо ва нур яксонанд? Ё онон шариконе барои Аллоҳ таоло қарор додаанд, ки ҳамчун офариниши Ӯ офаридаанд ва [дар натиҷа амри] офариниш бар онон муштабаҳ шудааст»? Бигӯ: «Аллоҳ таоло офаринандаи ҳама чиз аст ва Ӯ ягонаи пирӯзманд аст

Rowwad Translation Center

Бигӯ: «Кист Парвардигори осмонҳову замин?» Бигӯ: «Оллоҳ». Бигӯ; «Оё ғайри Ӯ худоёне гирифтаед, ки қодир ба суду зиёни худ нестанд? Бигӯ: «Оё нобинову бино баробаранд? Ё торикиву равшанӣ яксонанд? Ё шариконе, ки барои Худо қоил шудаанд, чизҳое офаридаанд, монанди он чӣ Худо офаридааст ва онон дар бораи офариниш ба иштибоҳ афтодаанд?» Бигӯ: «Оллоҳ офаринандаи ҳар чизест ва Ӯ ягонаву қаҳҳор аст!»

AbdolMohammad Ayati