Ба зудӣ гурӯҳе аз мардуми камхирад [яҳудӣ] хоҳанд гуфт: "Чӣ чизе онҳо [мусулмонон]-ро аз қиблаашон [Байт-ул-муқаддас], ки бар он буданд, [ба сӯйи Каъба] бозгардонд"? [Эй паёмбар] Бигӯ: "Машриқу мағриб аз они Аллоҳ таоло аст, ҳар касро бихоҳад ба роҳи рост ҳидоят мекунад"
Al-Baqarah 2:142
Compare 2 Tajik translations
سَيَقُولُ السُّفَهَاءُ مِنَ النَّاسِ مَا وَلَّاهُمْ عَنْ قِبْلَتِهِمُ الَّتِي كَانُوا عَلَيْهَا ۚ قُلْ لِلَّهِ الْمَشْرِقُ وَالْمَغْرِبُ ۚ يَهْدِي مَنْ يَشَاءُ إِلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ
DragHold to move · × to hide
Аз мардум онон, ки камхираданд, хоҳанд гуфт: «Чӣ чиз онҳоро аз қиблае, ки рӯ ба рӯи он меистоданд, баргардонид?» Бигӯ: «Машриқу Мағриб азони Худост ва Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад!».