Ба ростӣ дар офариниши осмонҳо ва замину гузари шабу рӯз ва киштиҳое, ки барои баҳрабардории мардум дар дарё равонанд ва обе, ки Аллоҳ таоло аз осмон нозил намудааст, ки бо он заминро пас аз хушкӣ ва хазонаш зинда карда ва анвои ҷунбандагонро дар он пароканда аст ва [ҳамчунин] дар тағйири масири бодҳо ва абрҳое, ки дар миёни осмон ва замин ба хидмат [-и инсон] гумошта шудаанд, барои касоне, ки меандешанд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст
Al-Baqarah 2:164
Compare 2 Tajik translations
إِنَّ فِي خَلْقِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَاخْتِلَافِ اللَّيْلِ وَالنَّهَارِ وَالْفُلْكِ الَّتِي تَجْرِي فِي الْبَحْرِ بِمَا يَنْفَعُ النَّاسَ وَمَا أَنْزَلَ اللَّهُ مِنَ السَّمَاءِ مِنْ مَاءٍ فَأَحْيَا بِهِ الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا وَبَثَّ فِيهَا مِنْ كُلِّ دَابَّةٍ وَتَصْرِيفِ الرِّيَاحِ وَالسَّحَابِ الْمُسَخَّرِ بَيْنَ السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَعْقِلُونَ
DragHold to move · × to hide
Дар офариниши осмонҳову замин ва дар омадушуди шабу рӯз ва дар киштиҳое, ки дар дарё мераванд ва сабаби нафъи мардуманд ва дар бороне, ки Худо аз осмон фурӯ мефиристад то замини мурдаро ба он зинда созад ва ҷунбандагонро дар он пароканда кунад ва дар ҳаракати бодҳо ва абрҳои ромшуда миёни замину осмон, барои хирадмандоне, ки дармеёбанд, нишонаҳост!