Моҳи рамазон [моҳе] аст, ки Қуръон дар он нозил шудааст; [китобе,] ки роҳнамои мардум аст ва далоили ошкоре аз ҳидоят [бо худ дорад] ва ҷудокунанда [-и ҳақ аз ботил] аст. Пас, ҳар яке аз шумо [ки муқиму солим аст] ин моҳро дарёбад, бояд онро рӯза бидорад ва ҳар ки бемор ё дар сафар бошад, [бояд ба теъдоди рӯзҳое, ки рӯза нагирифтааст] рӯзҳои дигаре [-ро рӯза бигирад]. Аллоҳ таоло [бо баёни ин аҳком] бароятон осонӣ мехоҳад ва душворӣ намехоҳад, то [битавонед рӯзадорӣ дар моҳи рамазон]-ро комил кунед ва Аллоҳро барои он ки ҳидоятатон кардааст, ба бузургӣ ёд кунед; бошад, ки шукр гузоред
Al-Baqarah 2:185
Compare 2 Tajik translations
شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَىٰ وَالْفُرْقَانِ ۚ فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ ۖ وَمَنْ كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ ۗ يُرِيدُ اللَّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ وَلِتُكْمِلُوا الْعِدَّةَ وَلِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَىٰ مَا هَدَاكُمْ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ
DragHold to move · × to hide
Моҳи Рамазон, ки дар он барои роҳнамоии мардум ва баёни роҳи равшани ҳидоят ва ҷудо сохтани ҳақ аз ботил Қуръони нозил шудааст, пас ҳар кас, ки ин моҳро дарёбад, бояд ки дар он рӯза бидорад. Ва ҳар кас, ки бемор ё дар сафар бошад, ба ҳамон адад аз рӯзҳои дигар. Худо барои шумо хостгори осонӣ аст на сахтӣ ва то он шуморо комил созед. Ва Худоро ба он сабаб, ки роҳнамоиятон кардааст, ба бузургӣ ёд кунед ва шукр гӯед!