[Эй паёмбар] Аз ту дар бораи ҳилолҳо [-и моҳ] мепурсанд, бигӯ: "Онҳо баёни авқот [ва гоҳшумории табиӣ] барои мардум ва [василаи таъйини вақти] ҳаҷ ҳастанд". Накукорӣ он нест, ки [монанди даврони ҷоҳилият дар ҳоли эҳром] аз пушти хонаҳо ворид шавед, балки накукор касест, ки тақво пеша кунад [пас, парҳезкор бошед] ва ба хонаҳо аз дарҳояшон ворид шавед ва аз Аллоҳ таоло битарсед, бошад, ки растагор шавед
Al-Baqarah 2:189
Compare 2 Tajik translations
يَسْأَلُونَكَ عَنِ الْأَهِلَّةِ ۖ قُلْ هِيَ مَوَاقِيتُ لِلنَّاسِ وَالْحَجِّ ۗ وَلَيْسَ الْبِرُّ بِأَنْ تَأْتُوا الْبُيُوتَ مِنْ ظُهُورِهَا وَلَٰكِنَّ الْبِرَّ مَنِ اتَّقَىٰ ۗ وَأْتُوا الْبُيُوتَ مِنْ أَبْوَابِهَا ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ
DragHold to move · × to hide
Аз ту дар бораи ҳилолҳои моҳ мепурсанд, бигӯ: «Барои он аст, мардум вақти корҳои хеш ва замони ҳаҷро бишиносанд». Ва писандида нест, ки аз пушти хонаҳо ба онҳо дохил шавед, вале писандида роҳи касонест, ки Худо тарсӣ кунанд ва аз дарҳо ба хонаҳо дароед ва аз Худо битарсед то наҷот ёбед!