Al-Baqarah 2:196

Compare 2 Tajik translations

وَأَتِمُّوا الْحَجَّ وَالْعُمْرَةَ لِلَّهِ ۚ فَإِنْ أُحْصِرْتُمْ فَمَا اسْتَيْسَرَ مِنَ الْهَدْيِ ۖ وَلَا تَحْلِقُوا رُءُوسَكُمْ حَتَّىٰ يَبْلُغَ الْهَدْيُ مَحِلَّهُ ۚ فَمَنْ كَانَ مِنْكُمْ مَرِيضًا أَوْ بِهِ أَذًى مِنْ رَأْسِهِ فَفِدْيَةٌ مِنْ صِيَامٍ أَوْ صَدَقَةٍ أَوْ نُسُكٍ ۚ فَإِذَا أَمِنْتُمْ فَمَنْ تَمَتَّعَ بِالْعُمْرَةِ إِلَى الْحَجِّ فَمَا اسْتَيْسَرَ مِنَ الْهَدْيِ ۚ فَمَنْ لَمْ يَجِدْ فَصِيَامُ ثَلَاثَةِ أَيَّامٍ فِي الْحَجِّ وَسَبْعَةٍ إِذَا رَجَعْتُمْ ۗ تِلْكَ عَشَرَةٌ كَامِلَةٌ ۗ ذَٰلِكَ لِمَنْ لَمْ يَكُنْ أَهْلُهُ حَاضِرِي الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ

القرآن الكريم

DragHold to move · × to hide

Ва ҳаҷҷу умраро барои Аллоҳ таоло ба поён расонед ва агар [ба василаи душман ё беморӣ аз ин кор] бозмонед, он чи аз қурбонӣ [хоҳ аз шутуру гов ё гӯсфанд] фароҳам шавад [забҳ кунед ва он гоҳ аз эҳром хориҷ шавед] ва сарҳои худро натарошед, то қурбонӣ ба ҷойгоҳаш [дар қурбонгоҳ] бирасад ва агар касе аз шумо бемор буду ё нороҳатие дар сар дошт [ки ночор буд бад-он хотир дар ҳоли эҳром сари худро битарошад], пас, фидя диҳад, аз [қабили се рӯз] рӯза ё садақа [таом додани шаш тиҳидасти ҳарам] ё қурбонӣ кардани гӯсфанде [ки миёни тиҳидастони ҳарам тақсим шавад]. Пас, ҳангоме ки дар амон будед, ҳар ки аз умра баҳраманд гардид ва сипас [аъмоли] ҳаҷро оғоз кард, он чи аз қурбонӣ [барояш] муяссар шуд [забҳ кунад] ва ҳар ки [қурбонӣ] наёфт, се рӯз дар [айёми] ҳаҷ ва ҳафт рӯз ҳангоме ки [ба хона] бозгаштед, рӯза бигиред. Ин даҳ [рӯзи] комил аст. Ин [ҳукми ҳаҷҷи таматтуъ] барои касест, ки хонаводааш сокини Масҷид-ул-ҳаром [Макка ва атрофи он] набошад ва аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бидонед, ки Аллоҳ таоло сахткайфар аст

Rowwad Translation Center

Ҳаҷ ва умраро барои Худо комил ба ҷой оред. Ва агар шуморо аз ҳаҷ боздоштанд, он қадар, ки муяссар аст, қурбонӣ кунед ва сар матарошед то қурбонии шумо ба қурбонгоҳаш бирасад. Агар яке аз шумо бемор ё дар сараш озоре бувад, ба унвони фидя рӯза бидорад ё садақа диҳад, ё қурбонӣ кунад. Ва чун эмин шавад, ҳар ки аз умраи таматтӯъ ба ҳаҷ бозояд, он қадар ки ӯро муяссар аст, қурбонӣ кунад. Ва ҳар киро қурбонӣ муяссар нашуд, се рӯз дар ҳаҷ рӯза бидорад ва ҳафт рӯз чун аз ҳаҷ бозгардад, то даҳ рӯзи комил шавад. Ва ин ҳукм барои касест, ки аз мардуми Макка набошад. Аз Худо битарсед ва бидонед, ки Худо ба сахтӣ уқубат мекунад!

AbdolMohammad Ayati