Al-Baqarah 2:221

Compare 2 Tajik translations

وَلَا تَنْكِحُوا الْمُشْرِكَاتِ حَتَّىٰ يُؤْمِنَّ ۚ وَلَأَمَةٌ مُؤْمِنَةٌ خَيْرٌ مِنْ مُشْرِكَةٍ وَلَوْ أَعْجَبَتْكُمْ ۗ وَلَا تُنْكِحُوا الْمُشْرِكِينَ حَتَّىٰ يُؤْمِنُوا ۚ وَلَعَبْدٌ مُؤْمِنٌ خَيْرٌ مِنْ مُشْرِكٍ وَلَوْ أَعْجَبَكُمْ ۗ أُولَٰئِكَ يَدْعُونَ إِلَى النَّارِ ۖ وَاللَّهُ يَدْعُو إِلَى الْجَنَّةِ وَالْمَغْفِرَةِ بِإِذْنِهِ ۖ وَيُبَيِّنُ آيَاتِهِ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ

القرآن الكريم

DragHold to move · × to hide

Ва [эй муъминон] бо занони мушрик то имон наёвардаанд, издивоҷ накунед; ва бе гумон канизи муъмин, аз зани [озоди] мушрик беҳтар аст; агарчи [зебоӣ ё дороиаш] мавриди писандатон воқеъ гардад; ва [занони мусулмонро] ба издивоҷи мардони мушрик дарнаёваред, магар он ки имон биёваранд; ва ҳатман бардаи муъмин аз марди [озоди] мушрик беҳтар аст; агарчи шефтаи [дороӣ ва мавқеияти] ӯ шуда бошед. Онон ба сӯйи оташ [-и дузах] даъват мекунанд ва Аллоҳ таоло ба фармон [ва тавфиқ]-и хеш ба сӯйи биҳишт ва омурзиш даъват мекунанд ва оёт [-у аҳкоми] худро барои мардум равшан месозад; бошад, ки панд гиранд

Rowwad Translation Center

Занони мушрикаро то имон наёваранд, ба занӣ магиред ва канизи мӯъмина беҳтар аз озодзани мушрика аст, ҳарчанд шуморо аз ӯ хуш ояд. Ва ба мардони мушрик то имон наёваранд, зани мӯъмина мадиҳед. Ва бандаи мӯъмин беҳтар аз мушрик аст, ҳарчанд шуморо аз ӯ хуш ояд. Инҳо ба сӯи оташ даъват мекунанд ва Худо ба ҷониби биҳишту омурзиш. Ва оёти худро ошкор баён мекунад, бошад, ки бияндешанд!

AbdolMohammad Ayati