Al-Baqarah 2:223

Compare 2 Tajik translations

نِسَاؤُكُمْ حَرْثٌ لَكُمْ فَأْتُوا حَرْثَكُمْ أَنَّىٰ شِئْتُمْ ۖ وَقَدِّمُوا لِأَنْفُسِكُمْ ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ وَاعْلَمُوا أَنَّكُمْ مُلَاقُوهُ ۗ وَبَشِّرِ الْمُؤْمِنِينَ

القرآن الكريم

DragHold to move · × to hide

Занони шумо [дар ҳукми] киштзоре барои шумо ҳастанд, пас, ҳар гуна ки мехоҳед ба киштзори худ дароед ва [тӯшае ҳамчун фарзанди солеҳ] барои худ пеш бифиристед ва аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бидонед, ки Ӯро мулоқот хоҳед кард ва [эй паёмбар, дар бораи неъматҳои илоҳӣ] ба муъминон башорат бидеҳ

Rowwad Translation Center

Занатон киштзори шумо ҳастанд. Ҳар ҷо, ки хоҳед, ба киштзори худ дароед. Ва барои хеш аз пеш чизе фиристед ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки ба назди Ӯ хоҳед рафт. Ва мӯъминонро хушхабар деҳ!

AbdolMohammad Ayati