Al-Baqarah 2:228

Compare 2 Tajik translations

وَالْمُطَلَّقَاتُ يَتَرَبَّصْنَ بِأَنْفُسِهِنَّ ثَلَاثَةَ قُرُوءٍ ۚ وَلَا يَحِلُّ لَهُنَّ أَنْ يَكْتُمْنَ مَا خَلَقَ اللَّهُ فِي أَرْحَامِهِنَّ إِنْ كُنَّ يُؤْمِنَّ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ ۚ وَبُعُولَتُهُنَّ أَحَقُّ بِرَدِّهِنَّ فِي ذَٰلِكَ إِنْ أَرَادُوا إِصْلَاحًا ۚ وَلَهُنَّ مِثْلُ الَّذِي عَلَيْهِنَّ بِالْمَعْرُوفِ ۚ وَلِلرِّجَالِ عَلَيْهِنَّ دَرَجَةٌ ۗ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

القرآن الكريم

DragHold to move · × to hide

Занони талоқшуда [пеш аз издивоҷи муҷаддад] бояд ба муддати се бор покӣ [дидани се бор одати моҳона] интизор бикашанд; ва агар ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон доранд, бар онон раво нест, ки он чиро Аллоҳ таоло дар раҳимҳояшон офаридааст, китмон кунанд; ва агар шавҳаронашон хоҳони оштӣ ҳастанд, барои бозгардондани онон [ба зиндагии заношӯӣ] дар ин [муддат аз дигарон] сазовортаранд; ва занон ҳуқуқи шоистае доранд, ҳаммонанд [-у ҳамсангии вазоифе], ки бар уҳда доранд ва мардон [дар сарпарастиву амри талоқ] бар онон бартарӣ доранд; ва Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст

Rowwad Translation Center

Бояд, ки занони талоқшуда то се бор пок шудан аз шавҳар кардан бозистанд. Ва агар ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд, раво нест, ки он чиро, ки Худо дар раҳми онон офаридааст, пинҳон доранд. Ва дар айёми агар шавҳаронашон қасди ислоҳ дошта бошанд, ба бозгардониданашон сазовортаранд. Ва барои занон ҳуқуқе шоиста аст, ҳамонанди вазифае, ки бар ӯҳдаи онҳост, вале мардонро бар занон мартабаест. Ва Худо пирӯзманду ҳаким аст!

AbdolMohammad Ayati