Al-Baqarah 2:230

Compare 2 Tajik translations

فَإِنْ طَلَّقَهَا فَلَا تَحِلُّ لَهُ مِنْ بَعْدُ حَتَّىٰ تَنْكِحَ زَوْجًا غَيْرَهُ ۗ فَإِنْ طَلَّقَهَا فَلَا جُنَاحَ عَلَيْهِمَا أَنْ يَتَرَاجَعَا إِنْ ظَنَّا أَنْ يُقِيمَا حُدُودَ اللَّهِ ۗ وَتِلْكَ حُدُودُ اللَّهِ يُبَيِّنُهَا لِقَوْمٍ يَعْلَمُونَ

القرآن الكريم

DragHold to move · × to hide

Агар [шавҳар барои бори савум] ӯро талоқ дод, пас аз он [зан] барояш ҳалол нест; магар ин ки [бо қасди издивоҷи ҳақиқӣ ва на барои ҳалол шудан] бо шавҳари ғайр аз ӯ издивоҷ кунад [ва бо вай ҳамбистар шавад. Дар ин сурат] Агар [шавҳари баъдӣ фавт кард ё] ӯро талоқ дод, агар [ду ҳамсари собиқ] мепиндоранд, ки ҳудуди [аҳкоми] Аллоҳро барпо медоранд, гуноҳе бар он ду нест, ки [бо издивоҷи муҷаддад] ба якдигар бозгарданд. Инҳо ҳудуди Аллоҳ таоло аст, ки онҳоро барои мардуме, ки огоҳанд [ва ба ислом имон доранд], баён мекунад

Rowwad Translation Center

Пас агар боз занро талоқ, дод, дигар бар ӯ ҳалол нест, то он ки ба никоҳи марде дигар дарояд (ва бо он мард ҷимоъ кунад), ва ҳар гоҳ он мард занро талоқ диҳад, агар медонанд, ки ҳудуди Худоро риоят мекунанд руҷӯъашонро гуноҳе нест. Инҳо ҳудуди Худост, ки барои мардуме доно баён мекунад.

AbdolMohammad Ayati