Al-Baqarah 2:249

Compare 2 Tajik translations

فَلَمَّا فَصَلَ طَالُوتُ بِالْجُنُودِ قَالَ إِنَّ اللَّهَ مُبْتَلِيكُمْ بِنَهَرٍ فَمَنْ شَرِبَ مِنْهُ فَلَيْسَ مِنِّي وَمَنْ لَمْ يَطْعَمْهُ فَإِنَّهُ مِنِّي إِلَّا مَنِ اغْتَرَفَ غُرْفَةً بِيَدِهِ ۚ فَشَرِبُوا مِنْهُ إِلَّا قَلِيلًا مِنْهُمْ ۚ فَلَمَّا جَاوَزَهُ هُوَ وَالَّذِينَ آمَنُوا مَعَهُ قَالُوا لَا طَاقَةَ لَنَا الْيَوْمَ بِجَالُوتَ وَجُنُودِهِ ۚ قَالَ الَّذِينَ يَظُنُّونَ أَنَّهُمْ مُلَاقُو اللَّهِ كَمْ مِنْ فِئَةٍ قَلِيلَةٍ غَلَبَتْ فِئَةً كَثِيرَةً بِإِذْنِ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ مَعَ الصَّابِرِينَ

القرآن الكريم

DragHold to move · × to hide

Пас, ҳангоме ки Толут бо лашкариён раҳсипор шуд, ба онон гуфт: "Аллоҳ таоло [шикебоии] шуморо ба василаи як наҳр [об] озмоиш мекунад; ҳар ки аз он бинӯшад, аз [ёрони] ман нест ва ҳар ки аз он нанӯшад, ҳатман аз [ёрони] ман аст; магар касе, ки бо дасти худ муште [аз он об] баргирад [ва ба андозаи кафи дасте биошомад]". Пас, ҷуз иддаи каме ҳамагӣ аз он [об] нӯшиданд; ва ҳангоме ки ӯ ва касоне, ки бо ӯ имон оварда буданд, аз он [наҳр] гузаштанд, [аз камии афроди худ нороҳат шуданд ва бархе] гуфтанд: "Имрӯз мо тавоноии [муқобилият] бо Ҷолут ва сипоҳиёнашро надорем". [Дар ин ҳангом касоне, ки ба дидори Аллоҳ таоло [дар охират] яқин доштанд, гуфтанд: "Чи басо гурӯҳи кучаке, ки ба фармони Аллоҳ таоло бар гурӯҳи бисёр пирӯз шуданд ва [бидонед, ки ҳамвора] Аллоҳ таоло ҳамроҳи сабркунандагон аст"

Rowwad Translation Center

Чун Толут сипоҳашро ба роҳ андохт, гуфт: «Худо шуморо ба ҷӯи обе меозмояд: ҳар кӣ аз он бихӯрад, аз ман нест ва ҳар кӣ аз он нахӯрад ё танҳо кафе биёшомад, аз ман аст». Ҳама ҷуз андаке аз он нӯшиданд. Чун ӯ ва мӯъминоне, ки ҳамроҳаш буданд, аз наҳр гузаштанд, гуфтанд: «Имрӯз моро тавони Ҷолут ва сипоҳаш нест». Ононе, ки медонистанд, ки бо Худо дидор хоҳанд кард, гуфтанд; «Ба хости Худо чӣ бисёр гурӯҳи андаке, ки бар гурӯҳи бисёре ғалаба кунад», ки Худо бо касонест, ки собиранд.

AbdolMohammad Ayati