Al-Baqarah 2:253

Compare 2 Tajik translations

تِلْكَ الرُّسُلُ فَضَّلْنَا بَعْضَهُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ ۘ مِنْهُمْ مَنْ كَلَّمَ اللَّهُ ۖ وَرَفَعَ بَعْضَهُمْ دَرَجَاتٍ ۚ وَآتَيْنَا عِيسَى ابْنَ مَرْيَمَ الْبَيِّنَاتِ وَأَيَّدْنَاهُ بِرُوحِ الْقُدُسِ ۗ وَلَوْ شَاءَ اللَّهُ مَا اقْتَتَلَ الَّذِينَ مِنْ بَعْدِهِمْ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْهُمُ الْبَيِّنَاتُ وَلَٰكِنِ اخْتَلَفُوا فَمِنْهُمْ مَنْ آمَنَ وَمِنْهُمْ مَنْ كَفَرَ ۚ وَلَوْ شَاءَ اللَّهُ مَا اقْتَتَلُوا وَلَٰكِنَّ اللَّهَ يَفْعَلُ مَا يُرِيدُ

القرآن الكريم

DragHold to move · × to hide

Ин паёмбарон [ки номи бархе аз онон гузашт] бархе аз эшонро [дар дарёфти ваҳй ва теъдоди пайравон] бар бархе дигар бартарӣ додем. Аз [миёни] эшон касе [ҳамчун] буд, ки Аллоҳ таоло бо ӯ сухан гуфт ва дараҷоти бархе [дигар] аз ононро боло бурд; ва ба Исо писари Марям нишонаҳои равшане [бар исботи нубувваташ] додем ва ӯро тавассути Руҳулқудус [Ҷабраил] таъйид [ва тақвият] кардем; ва агар Аллоҳ таоло мехост, касоне, ки баъд аз онҳо буданд, пас аз он [ҳама] нишонаҳои равшане, ки барояшон омад, бо якдигар ҷанг намекарданд; вале [бо ҳам] ихтилоф карданд ва бархе аз онон имон оварданд ва бархе куфр варзиданд; ва агар Аллоҳ таоло мехост, [ҳаргиз] бо ҳам намеҷангиданд; вале Аллоҳ таоло он чиро мехоҳад, анҷом медиҳад

Rowwad Translation Center

Баъзе аз ин паёмбаронро бар баъзе дигар бартарӣ додем. Худо бо баъзе сухан гуфт ва баъзеро ба дараҷоте боло кард. Ва ба Исо бинни Марям; мӯъҷизаҳо додем ва ӯро ба рӯҳулқудус ёрӣ кардем. Ва агар Худо мехост, мардуме, ки баъд аз онҳо буданд, пас аз он, ки хуҷҷатҳо бар онон ошкор шуда буд, бо якдигар куштор намекарданд. Вале онон ихтилоф карданд: баъзе мӯъмин буданд ва баъзе кофир шуданд. Ва агар Худо мехост, бо ҳам қитол (куштор) намекарданд, вале Худо ҳар чӣ хоҳад мекунад.

AbdolMohammad Ayati