Al-Baqarah 2:255

Compare 2 Tajik translations

اللَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ الْحَيُّ الْقَيُّومُ ۚ لَا تَأْخُذُهُ سِنَةٌ وَلَا نَوْمٌ ۚ لَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۗ مَنْ ذَا الَّذِي يَشْفَعُ عِنْدَهُ إِلَّا بِإِذْنِهِ ۚ يَعْلَمُ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ ۖ وَلَا يُحِيطُونَ بِشَيْءٍ مِنْ عِلْمِهِ إِلَّا بِمَا شَاءَ ۚ وَسِعَ كُرْسِيُّهُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ ۖ وَلَا يَئُودُهُ حِفْظُهُمَا ۚ وَهُوَ الْعَلِيُّ الْعَظِيمُ

القرآن الكريم

DragHold to move · × to hide

Аллоҳ таоло [маъбуди ростин аст] ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест; зиндаи поянда [ва қоим ба зот] аст; на хоби сабук [ғанаб, пинак] Ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин; он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Кист, ки дар назди Ӯ ҷуз ба фармонаш шафоат кунад?! Гузашта ва ояндаи эшон [бандагон]-ро медонад ва [онон] ба чизе аз илми Ӯ иҳота [ва огоҳӣ] намеёбанд, магар он чи худ бихоҳад. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро дар бар гирифтааст ва нигаҳ доштани онҳо бар Ӯ [сангину] душвор нест ва Ӯ баландмартаба [ва] бузург аст

Rowwad Translation Center

Оллоҳ худоест, ки ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест. Зиндаву поянда аст. На хоби сабук Ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин. Аз они Ӯст, ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Чӣ касе ҷуз ба иҷозати Ӯ дар назди Ӯ шафоъат кунад? Он чиро, ки пеши рӯ ва он чиро, ки пушти сарашон аст, медонад ва ба илми Ӯ ҷуз он чӣ Худ хоҳад, иҳота натавонанд ёфт. Курит Ӯ осмонҳо ва заминро иҳота дорад. Нигаҳдории онҳо бар Ӯ душвор нест. Ӯ баландпояву бузург аст!

AbdolMohammad Ayati