[Садақоти шумо] Барои афроди тангдасте аст, ки худро вақф [-и ҷиҳод] дар роҳи Аллоҳ таоло кардаанд ва наметавонанд [барои таъмини харҷҳои зиндагӣ] дар замин сафар кунанд. Аз шиддати [наҷобат ва] хештандорӣ афроди ноогоҳ ононро бениёз мепиндоранд. Эшонро аз нишонаҳояшон [ки дар либосу вазъияти зоҳириашон ошкор аст, ба таври ошкор] мешиносӣ [ва онон ҳаргиз] бо исрор чизе аз мардум намехоҳанд; ва он чи аз мол инфоқ мекунед, ҳатман, Аллоҳ таоло аз он огоҳ аст
Al-Baqarah 2:273
Compare 2 Tajik translations
لِلْفُقَرَاءِ الَّذِينَ أُحْصِرُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ لَا يَسْتَطِيعُونَ ضَرْبًا فِي الْأَرْضِ يَحْسَبُهُمُ الْجَاهِلُ أَغْنِيَاءَ مِنَ التَّعَفُّفِ تَعْرِفُهُمْ بِسِيمَاهُمْ لَا يَسْأَلُونَ النَّاسَ إِلْحَافًا ۗ وَمَا تُنْفِقُوا مِنْ خَيْرٍ فَإِنَّ اللَّهَ بِهِ عَلِيمٌ
DragHold to move · × to hide
Ин садақот аз они бенавоёнест, ки худро дар тоъати Ҳақ банд кардаанд ва дар талаби қувват нотавонанд ва ончунон дар пардаи ифофанд (худдорӣ), ки ҳар кӣ ҳоли эшон надонад, пиндорад, ки аз тавонгаронанд. Ононро аз симояшон мешиносӣ, ки ба исрор (бо хирагӣ) аз касе чизе нахоҳанд. Ва ҳар моле, ки хайр мекунед, Худо ба он огоҳ аст!