Al-Baqarah 2:283

Compare 2 Tajik translations

وَإِنْ كُنْتُمْ عَلَىٰ سَفَرٍ وَلَمْ تَجِدُوا كَاتِبًا فَرِهَانٌ مَقْبُوضَةٌ ۖ فَإِنْ أَمِنَ بَعْضُكُمْ بَعْضًا فَلْيُؤَدِّ الَّذِي اؤْتُمِنَ أَمَانَتَهُ وَلْيَتَّقِ اللَّهَ رَبَّهُ ۗ وَلَا تَكْتُمُوا الشَّهَادَةَ ۚ وَمَنْ يَكْتُمْهَا فَإِنَّهُ آثِمٌ قَلْبُهُ ۗ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ عَلِيمٌ

القرآن الكريم

DragHold to move · × to hide

Агар дар сафар будед ва нависандае наёфтед [ки санади вомро бинависад, чизе] гарав бигиред ва агар яке аз шумо дигареро амин донист [ва чизе гарав нагирифт ва навиштаву гувоҳе низ надошт], он ки амин шумурда шудааст, бояд амонат [ва қарзи] худро бозпас диҳад ва бояд аз Аллоҳ таоло, ки Парвардигори ӯст, парво кунад; ва шаҳодатро китмон накунед ва [бидонед, ки] ҳар касе онро китмон кунад, бе шак, қалбаш гунаҳкор аст; ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, доност

Rowwad Translation Center

Ҳар гоҳ дар сафар будед ва котибе наёфтед, бояд чизе ба гарав гирифта шавад ва агар касе аз шумо дигареро боварӣ кард, он кас, ки боварӣ карда шуд, амонатро боз диҳад ва бояд аз Оллоҳ, Парвардигораш битарсад. Ва шоҳидиро пинҳон макунед. Ҳар кас, ки шоҳидиро пинҳон кунад, ба дил гуноҳкор аст ва Худо аз коре, ки мекунед, огоҳ аст!

AbdolMohammad Ayati