Пас аз он, ҳамин шумо ҳастед, ки якдигарро мекушед ва гурӯҳе аз худатонро аз сарзаминашон берун мекунед ва ба гуноҳу ситам алайҳи онон ба якдигар ёрӣ мекунед ва агар [баъзе аз онон дар ҷанг бо ҳампаймонони араби шумо гирифтор шаванд ва ба сурати] асир наздатон биёянд [бо он ки ҳамдини шумо ҳастанд, дар баробари озодиашон] фидя мегиред, ҳол он ки ихроҷи онон [аз ҳамон оғоз] бар шумо ҳаром буд. Оё ба бахше аз [дастуроти] китоб [-и осмонӣ дар мавриди фидя гирифтан] имон меоваред ва ба бахше [ки шуморо дар бораи ҳамдинонатон супориш мекунад] кофир мешавед? Пас, ҷазои ҳар касе аз шумо, ки чунин кунад, ҷуз расвоӣ ва хорӣ дар ин ҷаҳон нахоҳад буд ва дар рӯзи қиёмат ба шадидтарин азоб гирифтор мешаванд; ва [яқин бидонед, ки] Аллоҳ таоло аз он чи анҷом медиҳед, ғофил нест
Al-Baqarah 2:85
Compare 2 Tajik translations
ثُمَّ أَنْتُمْ هَٰؤُلَاءِ تَقْتُلُونَ أَنْفُسَكُمْ وَتُخْرِجُونَ فَرِيقًا مِنْكُمْ مِنْ دِيَارِهِمْ تَظَاهَرُونَ عَلَيْهِمْ بِالْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ وَإِنْ يَأْتُوكُمْ أُسَارَىٰ تُفَادُوهُمْ وَهُوَ مُحَرَّمٌ عَلَيْكُمْ إِخْرَاجُهُمْ ۚ أَفَتُؤْمِنُونَ بِبَعْضِ الْكِتَابِ وَتَكْفُرُونَ بِبَعْضٍ ۚ فَمَا جَزَاءُ مَنْ يَفْعَلُ ذَٰلِكَ مِنْكُمْ إِلَّا خِزْيٌ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ۖ وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ يُرَدُّونَ إِلَىٰ أَشَدِّ الْعَذَابِ ۗ وَمَا اللَّهُ بِغَافِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ
DragHold to move · × to hide
Пас шумо чунин ҷамоъате ҳастед, ки якдигарро мекушед ва гурӯҳе аз худро аз хонумонашон овора мекунед ва бар зидди онҳо ба гуноҳ ва бедод ба ҳамдастии якдигар бармехезед ва агар ба асорати шумо дароянд, дар баробари озодияшон фидя мегиред ва ҳол он ки берун ронданашон бар шумо ҳаром буд. Оё ба баъзе аз китоб имон меоваред ва баъзе дигарро инкор мекунед? Ҷазои касе, ки чунин кунад, дар дунё ҷуз хорӣ нест ва дар рӯзи қиёмат ба сахттарин тарзе шиканҷа мешавад ва ба Худо аз он чӣ мекунед, ғофил нест!