Эй Паёмбар, Мо ҳамсаронат, ки маҳрашонро пардохтаӣ ва [низ] канизонеро, ки Аллоҳ таоло [аз баҳраи ҷанг] ба ту арзонӣ доштааст, бароят ҳалол кардаем ва [низ издивоҷ бо] духтари амуҳоят ва духтари аммаҳоят ва духтартағоҳоят ва духтархолаҳоят, ки бо ту ҳиҷрат кардаанд ва [ҳамчунин] агар зани муъмине худро [бидуни маҳрия] ба Паёмбар бибахшад, чунончи Паёмбар бихоҳад, [метавонад] бо вай издивоҷ кунад. [Ин ҳукм] Вижаи туст, на дигар муъминон. Бе тардид, Мо медонем барои онон дар мавриди ҳамсарон ва канизонашон чи ҳукме таъйин кардаем. [Ин ҳукми вижаро барқарор кардем] То ҳеҷ тангное [дар роҳи анҷоми вазифа] бар ту набошад; ва Аллоҳ таоло ҳамвора омурзандаи меҳрубон аст
Al-Ahzab 33:50
Compare 2 Tajik translations
يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ إِنَّا أَحْلَلْنَا لَكَ أَزْوَاجَكَ اللَّاتِي آتَيْتَ أُجُورَهُنَّ وَمَا مَلَكَتْ يَمِينُكَ مِمَّا أَفَاءَ اللَّهُ عَلَيْكَ وَبَنَاتِ عَمِّكَ وَبَنَاتِ عَمَّاتِكَ وَبَنَاتِ خَالِكَ وَبَنَاتِ خَالَاتِكَ اللَّاتِي هَاجَرْنَ مَعَكَ وَامْرَأَةً مُؤْمِنَةً إِنْ وَهَبَتْ نَفْسَهَا لِلنَّبِيِّ إِنْ أَرَادَ النَّبِيُّ أَنْ يَسْتَنْكِحَهَا خَالِصَةً لَكَ مِنْ دُونِ الْمُؤْمِنِينَ ۗ قَدْ عَلِمْنَا مَا فَرَضْنَا عَلَيْهِمْ فِي أَزْوَاجِهِمْ وَمَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُمْ لِكَيْلَا يَكُونَ عَلَيْكَ حَرَجٌ ۗ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا
DragHold to move · × to hide
Эй паёмбар, Мо занонеро, ки маҳрашонро додаӣ ва ононро, ки ба унвони ғаниматҳои ҷангӣ, ки Худо ба ту ато намудааст, молик шудаӣ ва духтари амуҳо ва духтари аммаҳо ва духтари доиҳо (тағоҳо) ва духтари холаҳои туро, ки бо ту муҳоҷират кардаанд, бар ту ҳалол кардем ва низ зани мӯъминеро, ки худро ба паёмбар бахшида бошад ҳар гоҳ паёмбар бихоҳад уро ба занӣ гирад. Ин ҳукми махсуси туст на дигар мӯьминон. Мо медонем дар борам занонашон ва канизонашон чӣ ҳукме кардаем, то барои ту мушкилие пеш наёяд. Ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст!