Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки дар роҳи Аллоҳ таоло [барои ҷиҳод] раҳсипор шудед, [паҳлуҳои корро хуб] баррасӣ кунед ва ба касе, ки изҳори сулҳу ислом намуд, нагӯед: "Ту муъмин нестӣ", то [битавонед ӯро бикушед ва ғаноиму] сармояи нопойдори дунёро ба даст оваред, зеро ғаниматҳои бисёре [барои шумо] назди Аллоҳ таоло аст. Шумо низ қаблан инчунин будед [ва имонатонро пинҳон мекардед], сипас Аллоҳ таоло бар шумо миннат ниҳод [ва ҳидоят шудед]. Бинобар ин, ба дурустӣ баррасӣ кунед, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст
An-Nisa' 4:94
Compare 2 Tajik translations
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا ضَرَبْتُمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَتَبَيَّنُوا وَلَا تَقُولُوا لِمَنْ أَلْقَىٰ إِلَيْكُمُ السَّلَامَ لَسْتَ مُؤْمِنًا تَبْتَغُونَ عَرَضَ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا فَعِنْدَ اللَّهِ مَغَانِمُ كَثِيرَةٌ ۚ كَذَٰلِكَ كُنْتُمْ مِنْ قَبْلُ فَمَنَّ اللَّهُ عَلَيْكُمْ فَتَبَيَّنُوا ۚ إِنَّ اللَّهَ كَانَ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرًا
DragHold to move · × to hide
Эй касоне, ки имон овардаед, чун барои ҷиҳод раҳсипор шавед, нек тафаҳҳус (санҷиш) кунед. Ва ба он кас, ки ба, р шумо салом гӯяд, магӯед, ки мӯъмин нести. Шумо бархӯрдорӣ аз зиндагии дунёро меҷӯед ва ҳол он ки ғаниматҳои бисёр назди Худост. Шумо пеш аз ин чунон будед, вале Худо бар шумо миннат ниҳод. Пас санҷиш кунед, ки Худо бар амалҳоятон огоҳ аст!