Эй касоне, ки имон овардаед, [ҳурмати] шаоири [фароиз ва муқаддасоти] илоҳӣ ва моҳи ҳаром [-ро нигаҳ доред] ва [ҳамчунин, ҳурмати] қурбонии бенишон ва қурбониҳои қалодадор (гарданбанддор) ва роҳиёни Байт-ул-ҳаром, ки фазлу хушнудии Парвардигорашонро металабанд. Ва чун аз эҳром хориҷ шудед, [метавонед озодона] ба шикор бипардозед ва [мабодо] душмании гурӯҳе, ки шуморо аз масҷидулҳаром боз доштанд, ба тааддӣ ва таҷовуз водоратон кунад. Ва дар накукорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар ёрӣ кунед ва дар гуноҳу таҷовуз дастёри ҳам нашавед ва аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед, чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло сахткайфар аст
Al-Ma'idah 5:2
Compare 2 Tajik translations
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تُحِلُّوا شَعَائِرَ اللَّهِ وَلَا الشَّهْرَ الْحَرَامَ وَلَا الْهَدْيَ وَلَا الْقَلَائِدَ وَلَا آمِّينَ الْبَيْتَ الْحَرَامَ يَبْتَغُونَ فَضْلًا مِنْ رَبِّهِمْ وَرِضْوَانًا ۚ وَإِذَا حَلَلْتُمْ فَاصْطَادُوا ۚ وَلَا يَجْرِمَنَّكُمْ شَنَآنُ قَوْمٍ أَنْ صَدُّوكُمْ عَنِ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ أَنْ تَعْتَدُوا ۘ وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَىٰ ۖ وَلَا تَعَاوَنُوا عَلَى الْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ
DragHold to move · × to hide
Эй касоне, ки имон овардаед, шиорҳои Худо ва моҳи ҳарому қурбониро чӣ холӣ аз қилода ва чӣ бо қилода (гарданбанд) ҳурмат нашканед ва озори ононро, ки ба талаби рӯзӣ ва хушнудии Парвардигорашон нияти байтулҳаром кардаанд, раво мадоред. Ва чун аз эҳром берун омадед, сайд кунед ва бадбинӣ бо қавме, ки шуморо аз масҷидулҳаром боздоштанд, водоратон насозад, ки аз ҳадди хеш таҷовуз кунед ва дар некӯкорӣ ва парҳез ҳамкорӣ кунед, на дар гуноҳу таҷовуз. Ва аз Худой битарсед, ки Ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад.