[Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Ман намегӯям, ки ганҷинаҳои Аллоҳ таоло назди ман аст ва ғайб [низ] намедонам ва ба шумо намегӯям, ки ман фариштаам. Ман аз чизе пайравӣ намекунам магар аз он чи ки ба ман ваҳй мегардад». Бигӯ: «Оё нобино ва бино [кофир ва муъмин] яксонанд? Оё намеандешед»?
Al-An'am 6:50
Compare 2 Tajik translations
قُلْ لَا أَقُولُ لَكُمْ عِنْدِي خَزَائِنُ اللَّهِ وَلَا أَعْلَمُ الْغَيْبَ وَلَا أَقُولُ لَكُمْ إِنِّي مَلَكٌ ۖ إِنْ أَتَّبِعُ إِلَّا مَا يُوحَىٰ إِلَيَّ ۚ قُلْ هَلْ يَسْتَوِي الْأَعْمَىٰ وَالْبَصِيرُ ۚ أَفَلَا تَتَفَكَّرُونَ
DragHold to move · × to hide
Бигӯ; «Ба шумо намегӯям, ки хазинаҳои Худо назди ман аст. Ва илми ғайб ҳам намедонам. Ва намегӯям, ки фариштае ҳастам. Танҳо ба чизе пайравӣ мекунам, ки бар ман ваҳй шудааст». Бигӯ: «Оё нобинову бино яксонанд? Чаро намеандешед?»