١يُسَبِّحُ لِلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۖ لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ ۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
1Он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, ҳама тасбеҳи Аллоҳ таоло мегӯянд. Фармонравоӣ аз они Ӯст ва сипос [-у ситоиш низ] аз они Ӯст ва Ӯ бар ҳама чиз тавоност
٢هُوَ الَّذِي خَلَقَكُمْ فَمِنْكُمْ كَافِرٌ وَمِنْكُمْ مُؤْمِنٌ ۚ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ
2Ӯст, ки шуморо офарид; пас, [гурӯҳе] аз шумо кофиранд ва [гурӯҳе] аз шумо муъмин ҳастанд; ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, огоҳ аст
٣خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ بِالْحَقِّ وَصَوَّرَكُمْ فَأَحْسَنَ صُوَرَكُمْ ۖ وَإِلَيْهِ الْمَصِيرُ
3Осмонҳо ва заминро ба ҳақ офарид ва шуморо [дар раҳими модаронатон] шаклу сурат бахшид. Пас, шаклу сурататонро наку [ва зебо] гардонд, ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Ӯст
٤يَعْلَمُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَيَعْلَمُ مَا تُسِرُّونَ وَمَا تُعْلِنُونَ ۚ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ
4Он чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст медонад ва он чиро пинҳон медоред ва он чиро ки ошкор мекунед, [низ] медонад; ва Аллоҳ таоло аз он чи дар синаҳост, огоҳ аст
٥أَلَمْ يَأْتِكُمْ نَبَأُ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ قَبْلُ فَذَاقُوا وَبَالَ أَمْرِهِمْ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ
5Оё хабари касонеро, ки пеш аз ин кофир шуданд, ба шумо нарасидааст? Онҳо [таъми] кайфари кори худро чашиданд ва азоби дардноке хоҳанд дошт
٦ذَٰلِكَ بِأَنَّهُ كَانَتْ تَأْتِيهِمْ رُسُلُهُمْ بِالْبَيِّنَاتِ فَقَالُوا أَبَشَرٌ يَهْدُونَنَا فَكَفَرُوا وَتَوَلَّوْا ۚ وَاسْتَغْنَى اللَّهُ ۚ وَاللَّهُ غَنِيٌّ حَمِيدٌ
6Ин бад-он сабаб аст, ки паёмбаронашон бо муъҷизот [ва далоили равшан] ба сӯйи онон омаданд, пас, [онҳо аз рӯи такаббур] гуфтанд: «Оё башаре [монанди мо] мехоҳад ҳидоятамон кунад?». Он гоҳ кофир шуданд ва рӯй гардонданд ва Аллоҳ таоло [аз онон ва имонашон] бениёз буд; ва Аллоҳ таоло бениёзи сутуда аст
٧زَعَمَ الَّذِينَ كَفَرُوا أَنْ لَنْ يُبْعَثُوا ۚ قُلْ بَلَىٰ وَرَبِّي لَتُبْعَثُنَّ ثُمَّ لَتُنَبَّؤُنَّ بِمَا عَمِلْتُمْ ۚ وَذَٰلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيرٌ
7Касоне, ки кофир шуданд, гумон бурданд, ки ҳаргиз барангехта нахоҳанд шуд. Бигӯ: «Оре; ба Парвардигорам савганд, яқинан [ҳама] барангехта хоҳед шуд; он гоҳ аз он чи мекардед, ба шумо хабар хоҳанд дод ва ин [кор] бар Аллоҳ таоло осон аст»
٨فَآمِنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَالنُّورِ الَّذِي أَنْزَلْنَا ۚ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ
8Пас, ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш ва нуре, ки нозил кардаем, имон биёваред; ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, огоҳ аст.
٩يَوْمَ يَجْمَعُكُمْ لِيَوْمِ الْجَمْعِ ۖ ذَٰلِكَ يَوْمُ التَّغَابُنِ ۗ وَمَنْ يُؤْمِنْ بِاللَّهِ وَيَعْمَلْ صَالِحًا يُكَفِّرْ عَنْهُ سَيِّئَاتِهِ وَيُدْخِلْهُ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ۚ ذَٰلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ
9Рӯзе, ки ҳамаи шуморо [дар маҳшар] гирд меоварад. Он рӯз рӯзи зиёнкоре аст ва ҳар кас ба Аллоҳ таоло имон оварад ва корҳои шоиста анҷом диҳад, гуноҳони ӯро мебахшад ва ӯро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки ҷӯйборҳо зери [дарахтони] он ҷорӣ аст; ҷовидона дар он мемонанд. Ин комёбии бузург аст.
١٠وَالَّذِينَ كَفَرُوا وَكَذَّبُوا بِآيَاتِنَا أُولَٰئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ خَالِدِينَ فِيهَا ۖ وَبِئْسَ الْمَصِيرُ
10Ва касоне, ки кофир шуданд ва оёти Моро такзиб карданд, онон аҳли оташ [-и дузах]-анд ва ҷовидона дар он мемонанд; ва чи бад [саранҷом ва] ҷойгоҳе аст!
١١مَا أَصَابَ مِنْ مُصِيبَةٍ إِلَّا بِإِذْنِ اللَّهِ ۗ وَمَنْ يُؤْمِنْ بِاللَّهِ يَهْدِ قَلْبَهُ ۚ وَاللَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ
11Ҳеҷ мусибате [ба инсон] намерасад, магар ба ҳукм [-у фармони] Аллоҳ таоло; ва ҳар кас ба Аллоҳ таоло имон оварад, [Аллоҳ таоло] қалбашро ҳидоят мекунад; ва Аллоҳ таоло ба ҳама чиз доност.
١٢وَأَطِيعُوا اللَّهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ ۚ فَإِنْ تَوَلَّيْتُمْ فَإِنَّمَا عَلَىٰ رَسُولِنَا الْبَلَاغُ الْمُبِينُ
12Аз Аллоҳ таоло итоат кунед ва расулро [низ] итоат кунед. Пас, агар рӯй бигардонед, [бидонед, ки] фиристодаи Мо вазифае ҷуз иблоғи ошкор надорад.
١٣اللَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ۚ وَعَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ
13Аллоҳ таоло аст, ки ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест; пас муъминон бояд бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд.
١٤يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّ مِنْ أَزْوَاجِكُمْ وَأَوْلَادِكُمْ عَدُوًّا لَكُمْ فَاحْذَرُوهُمْ ۚ وَإِنْ تَعْفُوا وَتَصْفَحُوا وَتَغْفِرُوا فَإِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ
14Эй касоне, ки имон овардаед, ба ростӣ, ки [баъзе] аз ҳамсаронатон ва фарзандонатон душманони шумо ҳастанд; пас, аз онҳо барҳазар бошед; ва агар афв кунед ва чашм бипӯшед ва бибахшед, бе гумон, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст.
١٥إِنَّمَا أَمْوَالُكُمْ وَأَوْلَادُكُمْ فِتْنَةٌ ۚ وَاللَّهُ عِنْدَهُ أَجْرٌ عَظِيمٌ
15Ҷуз ин нест, ки амволу фарзандонатон василаи омурзиши [шумо] ҳастанд; ва Аллоҳ таоло аст, ки подоши бузург назди Ӯст.
١٦فَاتَّقُوا اللَّهَ مَا اسْتَطَعْتُمْ وَاسْمَعُوا وَأَطِيعُوا وَأَنْفِقُوا خَيْرًا لِأَنْفُسِكُمْ ۗ وَمَنْ يُوقَ شُحَّ نَفْسِهِ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ
16Пас то он ҷо ки метавонед, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва [ҳақро] бишнавед ва фармон баред ва инфоқ кунед, ки барои худи шумо беҳтар аст; ва касоне, ки аз бухлу ҳирси нафси хеш дар амон бимонанд, ононанд, ки растагоранд.
١٧إِنْ تُقْرِضُوا اللَّهَ قَرْضًا حَسَنًا يُضَاعِفْهُ لَكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ۚ وَاللَّهُ شَكُورٌ حَلِيمٌ
17Агар ба Аллоҳ таоло қарзи наку диҳед, онро барои шумо афзун мекунад ва шуморо меомурзад; ва Аллоҳ таоло қадршиноси бурдбор аст.
١٨عَالِمُ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ
18[Ӯ] Донои ниҳону ошкор [ва] бузургу баландмартаба аст