At-Talaq 65:2

Compare 2 Tajik translations

فَإِذَا بَلَغْنَ أَجَلَهُنَّ فَأَمْسِكُوهُنَّ بِمَعْرُوفٍ أَوْ فَارِقُوهُنَّ بِمَعْرُوفٍ وَأَشْهِدُوا ذَوَيْ عَدْلٍ مِنْكُمْ وَأَقِيمُوا الشَّهَادَةَ لِلَّهِ ۚ ذَٰلِكُمْ يُوعَظُ بِهِ مَنْ كَانَ يُؤْمِنُ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ ۚ وَمَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجًا

القرآن الكريم

DragHold to move · × to hide

Пас, чун [онҳоро талоқ додед ва] иддаашон ба сар расид, эшонро ба тарзи шоистае нигаҳ доред ё ба тарзи шоистае аз онҳо ҷудо шавед; ва ду марди одил аз худатонро гувоҳ бигиред ва шаҳодатро барои Аллоҳ таоло барпо доред. Ин [ҳукме аст], ки ҳар кас ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон дорад, ба он панду андарз дода мешавад; ва ҳар кас, ки аз Аллоҳ таоло битарсад, роҳи наҷоте барои ӯ қарор медиҳад

Rowwad Translation Center

Ва чун ба поёни муддат расиданд ё ба ваҷҳе некӯ нигоҳашон доред ё ба ваҷҳе некӯ аз онҳо ҷудо шавед ва ду тан одил аз худатонро ба гувоҳӣ гиред. Ва барои Худо гувоҳиро ба ростӣ адо кунед. Ҳар киро ба Худову рӯзи қиёмат имон дорад, инчунин панд медиҳанд. Ва ҳар кӣ аз Худо битарсад, барои ӯ роҳе барои берун шудаи қарор хоҳад дод

AbdolMohammad Ayati