At-Talaq 65:6

Compare 2 Tajik translations

أَسْكِنُوهُنَّ مِنْ حَيْثُ سَكَنْتُمْ مِنْ وُجْدِكُمْ وَلَا تُضَارُّوهُنَّ لِتُضَيِّقُوا عَلَيْهِنَّ ۚ وَإِنْ كُنَّ أُولَاتِ حَمْلٍ فَأَنْفِقُوا عَلَيْهِنَّ حَتَّىٰ يَضَعْنَ حَمْلَهُنَّ ۚ فَإِنْ أَرْضَعْنَ لَكُمْ فَآتُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ ۖ وَأْتَمِرُوا بَيْنَكُمْ بِمَعْرُوفٍ ۖ وَإِنْ تَعَاسَرْتُمْ فَسَتُرْضِعُ لَهُ أُخْرَىٰ

القرآن الكريم

DragHold to move · × to hide

Онон [занони муталлақа]-ро дар ҳадди тавони худ ҳар ҷо ки худатон сукунат доред, [ва дар тавонии шумост] сукунат диҳед ва ба онҳо зиён нарасонед, то [арсаро] бар онон танг кунед [ва пеш аз поёни идда маҷбур ба тарки манзил шаванд] ва агар бордор ҳастанд, нафақаи онҳоро бидиҳед, то вазъи ҳамл кунанд. Пас, агар [фарзандатонро] барои шумо шир медиҳанд, муздашонро бипардозед ва [ин корро] ба некӣ ва бо машварати ҳамдигар анҷом диҳед; ва агар ба тавофуқ нарасидед, пас зани дигаре [ба дархости шавҳар] ӯро шир диҳад

Rowwad Translation Center

Ҳар ҷо, ки худ сукунат кунед, онҳоро низ ба қадри тавонии худ маскан диҳед. Ва то бар онҳо танг гиред, маёзоредашон. Ва агар ҳомила буданд, нафақаашонро 'бидиҳед, то вазъи ҳамд кунанд. Ва агар фарзанди шуморо шир медиҳанд, муздашонро бидиҳед ва ба ваҷҳе некӯ бо якдигар маслиҳат кунед. Ва агар мувофиқат накардед, аз зане дигар бихоҳед, ки кӯдакро шир диҳад.

AbdolMohammad Ayati