١قُلْ أُوحِيَ إِلَيَّ أَنَّهُ اسْتَمَعَ نَفَرٌ مِنَ الْجِنِّ فَقَالُوا إِنَّا سَمِعْنَا قُرْآنًا عَجَبًا
1[Эй паёмбар] Бигӯ: «Ба ман ваҳй шудааст, ки гурӯҳе аз ҷинниён [ба ин Қуръон] гӯш фаро додаанд, пас, гуфтанд: «Бе гумон, мо Қуръоне шигифтовар шунидем
٢يَهْدِي إِلَى الرُّشْدِ فَآمَنَّا بِهِ ۖ وَلَنْ نُشْرِكَ بِرَبِّنَا أَحَدًا
2Ки ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Пас, мо ба он имон овардем ва ҳаргиз касеро бо Парвардигорамон шарик қарор намедиҳем
٣وَأَنَّهُ تَعَالَىٰ جَدُّ رَبِّنَا مَا اتَّخَذَ صَاحِبَةً وَلَا وَلَدًا
3Ва ин ки шаъну азамати Парвардигорамон бас [азиму] баланд аст. Ӯ [ҳаргиз барои худ] ҳамсару фарзанде интихоб накардааст
٤وَأَنَّهُ كَانَ يَقُولُ سَفِيهُنَا عَلَى اللَّهِ شَطَطًا
4Ва ин ки сафеҳ [-у нодон]-и мо [шайтон] дар бораи Аллоҳ таоло суханони норавое мегуфт
٥وَأَنَّا ظَنَنَّا أَنْ لَنْ تَقُولَ الْإِنْسُ وَالْجِنُّ عَلَى اللَّهِ كَذِبًا
5Ва мо [чунин] гумон мекардем, ки ҳаргиз инсу ҷин бар Аллоҳ таоло дурӯғ намебанданд
٦وَأَنَّهُ كَانَ رِجَالٌ مِنَ الْإِنْسِ يَعُوذُونَ بِرِجَالٍ مِنَ الْجِنِّ فَزَادُوهُمْ رَهَقًا
6Ва ин ки мардоне аз одамиён ба мардоне аз ҷинниён паноҳ мебурданд ва [бад-ин васила] бар гумроҳӣ ва саркашии эшон меафзуданд
٧وَأَنَّهُمْ ظَنُّوا كَمَا ظَنَنْتُمْ أَنْ لَنْ يَبْعَثَ اللَّهُ أَحَدًا
7Ва ин ки онон [кофирон] гумон мекарданд – ҳамон гуна ки шумо [ҷинниён] мепиндоштед – ки Аллоҳ таоло ҳеҷ касро [дубора] зинда намегардонад
٨وَأَنَّا لَمَسْنَا السَّمَاءَ فَوَجَدْنَاهَا مُلِئَتْ حَرَسًا شَدِيدًا وَشُهُبًا
8Ва ин ки мо осмонро ҷустуҷӯ кардем, пас, онро пур аз муҳофизони неруманд ва тирҳои шиҳоб ёфтем
٩وَأَنَّا كُنَّا نَقْعُدُ مِنْهَا مَقَاعِدَ لِلسَّمْعِ ۖ فَمَنْ يَسْتَمِعِ الْآنَ يَجِدْ لَهُ شِهَابًا رَصَدًا
9Ва ин ки дар [осмон] барои шунидан ба камин менишастем, [аммо] акнун ҳар ки бихоҳад ба гӯш бошад, тири шиҳобе дар камини худ меёбад
١٠وَأَنَّا لَا نَدْرِي أَشَرٌّ أُرِيدَ بِمَنْ فِي الْأَرْضِ أَمْ أَرَادَ بِهِمْ رَبُّهُمْ رَشَدًا
10Ва ин ки мо намедонем, оё барои аҳли замин шарре ирода шуда, ё Парвардигорашон хайру ҳидояти эшонро хостааст
١١وَأَنَّا مِنَّا الصَّالِحُونَ وَمِنَّا دُونَ ذَٰلِكَ ۖ كُنَّا طَرَائِقَ قِدَدًا
11Ва ин ки дар миёни мо афроде солеҳ ва афроде нодуруст, мо гурӯҳҳое мутафовит [ва гуногун] ҳастем
١٢وَأَنَّا ظَنَنَّا أَنْ لَنْ نُعْجِزَ اللَّهَ فِي الْأَرْضِ وَلَنْ نُعْجِزَهُ هَرَبًا
12Ва ин ки мо яқин дорем, ки ҳаргиз наметавонем дар рӯйи замин Аллоҳро оҷизу нотавон кунем ва ҳаргиз бо гурез наметавонем, Ӯро нотавон созем [ва роҳи фироре надорем]
١٣وَأَنَّا لَمَّا سَمِعْنَا الْهُدَىٰ آمَنَّا بِهِ ۖ فَمَنْ يُؤْمِنْ بِرَبِّهِ فَلَا يَخَافُ بَخْسًا وَلَا رَهَقًا
13Ва ин ки мо ҳангоме ки [сухани] ҳидоятро шунидем, ба он имон овардем. Пас, ҳар касе, ки ба Парвардигораш имон оварад, на аз нуқсон меҳаросаду на аз ситам [бим дорад]
١٤وَأَنَّا مِنَّا الْمُسْلِمُونَ وَمِنَّا الْقَاسِطُونَ ۖ فَمَنْ أَسْلَمَ فَأُولَٰئِكَ تَحَرَّوْا رَشَدًا
14Ва ин ки гурӯҳе аз мо мусулмон ва гурӯҳе кофир [ва золим] ҳастанд. Пас, ҳар кас, ки ислом оварда, ононанд, ки роҳи растагориро ҷустуҷу карда [ва баргузида]-анд
١٥وَأَمَّا الْقَاسِطُونَ فَكَانُوا لِجَهَنَّمَ حَطَبًا
15Ва аммо кофирон [ва ситамгорон] ҳезуми [оташи] ҷаҳаннам хоҳанд буд
١٦وَأَنْ لَوِ اسْتَقَامُوا عَلَى الطَّرِيقَةِ لَأَسْقَيْنَاهُمْ مَاءً غَدَقًا
16Ва ин ки агар онҳо бар роҳи рост пойдорӣ кунанд, албатта, бо оби фаровон серобашон мекунем
١٧لِنَفْتِنَهُمْ فِيهِ ۚ وَمَنْ يُعْرِضْ عَنْ ذِكْرِ رَبِّهِ يَسْلُكْهُ عَذَابًا صَعَدًا
17То онҳоро бо он [неъматҳо] биозмоем. Ва ҳар кас аз ёд [-у зикри] Парвардигораш рӯ бартобад, [Аллоҳ таоло] ӯро ба азобе сахт гирифтор месозад
١٨وَأَنَّ الْمَسَاجِدَ لِلَّهِ فَلَا تَدْعُوا مَعَ اللَّهِ أَحَدًا
18Ва ин ки масоҷид аз они Аллоҳ таоло аст, пас, касеро бо Аллоҳ таоло [ба парастишу ёрихоҳӣ] нахонед
١٩وَأَنَّهُ لَمَّا قَامَ عَبْدُ اللَّهِ يَدْعُوهُ كَادُوا يَكُونُونَ عَلَيْهِ لِبَدًا
19Ва ин ки ҳангоме ки бандаи Аллоҳ таоло [Муҳаммад] қиём кард, то Ӯро бихонад [ва ибодат кунад], наздик буд, ки [аз издиҳом бар гирди ӯ] бар сари ҳам фурӯ резанд»
٢٠قُلْ إِنَّمَا أَدْعُو رَبِّي وَلَا أُشْرِكُ بِهِ أَحَدًا
20[Эй паёмбар, ба онҳо] Бигӯ: «Ман танҳо Парвардигорамро мехонам ва касеро бо Ӯ шарик намесозам»
٢١قُلْ إِنِّي لَا أَمْلِكُ لَكُمْ ضَرًّا وَلَا رَشَدًا
21Бигӯ: «Бе гумон, ман наметавонам ба шумо зиёне бирасонам ва на хайру суде»
٢٢قُلْ إِنِّي لَنْ يُجِيرَنِي مِنَ اللَّهِ أَحَدٌ وَلَنْ أَجِدَ مِنْ دُونِهِ مُلْتَحَدًا
22Бигӯ: «[Агар ман низ бар хилофи фармонаш рафтор кунам] ҳеҷ кас маро дар баробари Ӯ ҳимоят намекунад ва паноҳгоҳе ҷуз Ӯ намеёбам
٢٣إِلَّا بَلَاغًا مِنَ اللَّهِ وَرِسَالَاتِهِ ۚ وَمَنْ يَعْصِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَإِنَّ لَهُ نَارَ جَهَنَّمَ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا
23[Вазифаи ман] Танҳо иблоғе аз ҷониби Аллоҳ таоло ва [расонидани] паёмҳои ӯст. Ва ҳар кас аз Аллоҳу паёмбараш нофармонӣ кунад, бе гумон, оташи ҷаҳаннам аз они Ӯст, ҷовидона дар он хоҳад монд»
٢٤حَتَّىٰ إِذَا رَأَوْا مَا يُوعَدُونَ فَسَيَعْلَمُونَ مَنْ أَضْعَفُ نَاصِرًا وَأَقَلُّ عَدَدًا
24[Кори кофирон ҳамчунон идома дорад] То замоне, ки он чиро ба онҳо ваъда дода шуда, бубинанд. Он гоҳ хоҳанд донист, ки чи касе ёвараш нотавонтар ва ҷамъияташ камтар аст
٢٥قُلْ إِنْ أَدْرِي أَقَرِيبٌ مَا تُوعَدُونَ أَمْ يَجْعَلُ لَهُ رَبِّي أَمَدًا
25[Эй паёмбар] Бигӯ: «Ман намедонам, оё он чи ки ба шумо ваъда дода шуда, наздик аст ё Парвардигорам замоне [дур] барои он қарор медиҳад»
٢٦عَالِمُ الْغَيْبِ فَلَا يُظْهِرُ عَلَىٰ غَيْبِهِ أَحَدًا
26[Аллоҳ таоло] Донои ғайб аст ва ҳеҷ касро бар [асрори] ғайби худ огоҳ намесозад
٢٧إِلَّا مَنِ ارْتَضَىٰ مِنْ رَسُولٍ فَإِنَّهُ يَسْلُكُ مِنْ بَيْنِ يَدَيْهِ وَمِنْ خَلْفِهِ رَصَدًا
27Магар расулоне, ки ононро писандида [ва баргузида] аст. Пас, бе гумон, аз пеши рӯйи ӯ ва пушти сараш нигаҳбоне [аз фариштагон барои муҳофизат аз вай] мегуморад
٢٨لِيَعْلَمَ أَنْ قَدْ أَبْلَغُوا رِسَالَاتِ رَبِّهِمْ وَأَحَاطَ بِمَا لَدَيْهِمْ وَأَحْصَىٰ كُلَّ شَيْءٍ عَدَدًا
28То бидонад, ки [паёмбарон] рисолатҳои Парвардигорашонро иблоғ кардаанд ва [Аллоҳ таоло] ба он чи назди онҳост иҳота дорад ва ҳар чизеро ба адад баршумурдааст