وَيْلٌ لِلْمُطَفِّفِينَ
Вой бар камфурӯшон!
بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.
وَيْلٌ لِلْمُطَفِّفِينَ
Вой бар камфурӯшон!
الَّذِينَ إِذَا اكْتَالُوا عَلَى النَّاسِ يَسْتَوْفُونَ
Касоне, ки чун [барои худ] аз мардум паймона мекунанд, ҳаққи худро комил мегиранд
وَإِذَا كَالُوهُمْ أَوْ وَزَنُوهُمْ يُخْسِرُونَ
Ва ҳангоме ки [мехоҳанд] барои онон паймона ё вазн кунанд, кам мегузоранд
أَلَا يَظُنُّ أُولَٰئِكَ أَنَّهُمْ مَبْعُوثُونَ
Оё онҳо гумон намекунанд, ки [қиёмат фаро мерасад ва аз қабрҳо] барангехта мешаванд
لِيَوْمٍ عَظِيمٍ
Дар рӯзе бузург?
يَوْمَ يَقُومُ النَّاسُ لِرَبِّ الْعَالَمِينَ
[Ҳамон] Рӯзе, ки мардум дар пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён меистанд
كَلَّا إِنَّ كِتَابَ الْفُجَّارِ لَفِي سِجِّينٍ
Ҳаргиз чунин нест [ки кофирон пиндоштаанд]! Ба ростӣ, ки номаи [аъмоли] бадкорон дар сиҷҷин аст
وَمَا أَدْرَاكَ مَا سِجِّينٌ
Ва ту чи донӣ, ки сиҷҷин чист?
كِتَابٌ مَرْقُومٌ
Китобест, ки [аъмоли бадкорон дар он] навишта шудааст
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِلْمُكَذِّبِينَ
Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!
الَّذِينَ يُكَذِّبُونَ بِيَوْمِ الدِّينِ
Онон, ки рӯзи ҷазоро [инкор ва] такзиб мекунанд
وَمَا يُكَذِّبُ بِهِ إِلَّا كُلُّ مُعْتَدٍ أَثِيمٍ
Ва ҷуз ситамкорони гунаҳкор [касе] он [рӯз]-ро такзиб намекунад
إِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِ آيَاتُنَا قَالَ أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ
Ҳангоме ки оёти Мо бар ӯ тиловат шавад, гӯяд: «[Ин] Афсонаҳои гузаштагон аст»
كَلَّا ۖ بَلْ ۜ رَانَ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ مَا كَانُوا يَكْسِبُونَ
Ҳаргиз чунин нест [ки онҳо гумон мекунанд]; балки [ба сабаби] он чӣ кардаанд, бар дилҳояшон зангор бастааст
كَلَّا إِنَّهُمْ عَنْ رَبِّهِمْ يَوْمَئِذٍ لَمَحْجُوبُونَ
Ҳаргиз чунин нест [ки онҳо мепиндоранд]. Бе гумон, онон дар он рӯз аз [дидори] Парвардигорашон маҳруманд
ثُمَّ إِنَّهُمْ لَصَالُو الْجَحِيمِ
Ва [баъд аз ҳисоб] мусалламан вориди дузах мешаванд
ثُمَّ يُقَالُ هَٰذَا الَّذِي كُنْتُمْ بِهِ تُكَذِّبُونَ
Онгоҳ ба эшон гуфта мешавад: «Ин [оташ] ҳамон чизест, ки онро такзиб мекардед»
كَلَّا إِنَّ كِتَابَ الْأَبْرَارِ لَفِي عِلِّيِّينَ
Ҳаргиз чунин нест [ки онҳо мепиндоранд]; бе гумон, номаи [аъмоли] накукорон дар «илиййин» аст
وَمَا أَدْرَاكَ مَا عِلِّيُّونَ
Ва ту чи донӣ, ки «илиййин» чист?
كِتَابٌ مَرْقُومٌ
Китобест, ки [аъмоли бадкорон дар он] навишта шудааст
يَشْهَدُهُ الْمُقَرَّبُونَ
Ки муқаррабони [даргоҳи илоҳӣ] бар он ҳозир шаванд [ва гувоҳӣ диҳанд]
إِنَّ الْأَبْرَارَ لَفِي نَعِيمٍ
Ҳамоно накукорон дар неъмат [-ҳои биҳишт] ҳастанд
عَلَى الْأَرَائِكِ يَنْظُرُونَ
Бар тахтҳо [такя зада ва] менигаранд
تَعْرِفُ فِي وُجُوهِهِمْ نَضْرَةَ النَّعِيمِ
Хуррамӣ ва нишоти неъматро дар чеҳраҳояшон [мебинӣ ва] мешиносӣ
يُسْقَوْنَ مِنْ رَحِيقٍ مَخْتُومٍ
Онҳо аз шароби ноби муҳршуда [нӯшонида ва] сероб мешаванд
خِتَامُهُ مِسْكٌ ۚ وَفِي ذَٰلِكَ فَلْيَتَنَافَسِ الْمُتَنَافِسُونَ
Муҳре, ки бар он ниҳодашуда аз мушк аст ва дар ин [шароб ва дигар неъматҳои биҳиштӣ] муштоқон [-и раҳмат] бояд бар якдигар пешӣ гиранд
وَمِزَاجُهُ مِنْ تَسْنِيمٍ
Ва омезааш аз тасним аст
عَيْنًا يَشْرَبُ بِهَا الْمُقَرَّبُونَ
[Ҳамон] чашмае, ки муқаррабон [-и даргоҳи илоҳӣ] аз он менӯшанд
إِنَّ الَّذِينَ أَجْرَمُوا كَانُوا مِنَ الَّذِينَ آمَنُوا يَضْحَكُونَ
Ҳамоно касоне, ки ҷурму гуноҳ карданд, пайваста [дар дунё] бар касоне, ки имон оварда буданд, механдиданд
وَإِذَا مَرُّوا بِهِمْ يَتَغَامَزُونَ
Ва ҳар гоҳ [муъминон] аз канорашон мегузаштанд, бо чашму абрӯ ба ҳам ишора мекарданд [ва ононро ба сухрия мегирифтанд]
وَإِذَا انْقَلَبُوا إِلَىٰ أَهْلِهِمُ انْقَلَبُوا فَكِهِينَ
Ва чун ба сӯйи хонаводаи худ бозмегаштанд, [ба хотири тамасхури муъминон] шодмону хандон буданд
وَإِذَا رَأَوْهُمْ قَالُوا إِنَّ هَٰؤُلَاءِ لَضَالُّونَ
Ва ҳангоме ки муъминонро медиданд, мегуфтанд: «Бе гумон, инон гумроҳонанд»
وَمَا أُرْسِلُوا عَلَيْهِمْ حَافِظِينَ
Дар ҳоле ки онон барои муроқибат [ва нигаҳбонӣ] бар муъминон фиристода нашуда буданд
فَالْيَوْمَ الَّذِينَ آمَنُوا مِنَ الْكُفَّارِ يَضْحَكُونَ
Вале имрӯз касоне, ки имон овардаанд, ба кофирон механданд
عَلَى الْأَرَائِكِ يَنْظُرُونَ
Бар тахтҳо [-и ороста нишаста ва ба неъматҳои илоҳӣ] менигаранд
هَلْ ثُوِّبَ الْكُفَّارُ مَا كَانُوا يَفْعَلُونَ
Оё кофирон [бо чашидани азоб] ҷазои он чиро, ки мекарданд, дарёфт намудаанд?