At-Tawbah 9:61

Compare 2 Tajik translations

وَمِنْهُمُ الَّذِينَ يُؤْذُونَ النَّبِيَّ وَيَقُولُونَ هُوَ أُذُنٌ ۚ قُلْ أُذُنُ خَيْرٍ لَكُمْ يُؤْمِنُ بِاللَّهِ وَيُؤْمِنُ لِلْمُؤْمِنِينَ وَرَحْمَةٌ لِلَّذِينَ آمَنُوا مِنْكُمْ ۚ وَالَّذِينَ يُؤْذُونَ رَسُولَ اللَّهِ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ

القرآن الكريم

DragHold to move · × to hide

Ва бархе аз онон [мунофиқон] ҳастанд, ки Паёмбарро меозоранд ва мегӯянд: «Ӯ зудбовар [ва саропо гӯш] аст». [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ӯ барои шумо [фақат] шунавандаи сухани хайр аст. [Вай] ба Аллоҳ таоло имон дорад ва [сухани] муъминонро бовар дорад ва барои касоне аз шумо, ки имон овардаанд, раҳматест». Ва касоне, ки Расулуллоҳро меозоранд, азоби дарднок [дар пеш] доранд

Rowwad Translation Center

Баъзе аз онҳо паёмбарро меозоранду мегӯянд, ки ӯ ба сухани ҳар кас гӯш медиҳад. Бигӯ: «Ӯ барои шумо шунавандаи сухани хайр аст. Ба Худо имон дорад ва мӯъминонро бовар дорад ва раҳматест барои онҳое, ки имон овардаанд. Ва онон, ки расули Худоро биёзоранд, ба шиканҷае дардовар гирифтор хоҳанд шуд.

AbdolMohammad Ayati