[Мунофиқон] Ба Аллоҳ таоло савганд ёд мекунанд, ки [суханони нописанде дар бораи Аллоҳ таоло ва Паёмбараш] нагуфтаанд ва ба ростӣ, ки сухани куфр гуфтаанд ва пас аз Ислом оварданашон [боз] кофир шуданд [ва бо дасиса барои қатли Паёмбар] тасмим ба коре гирифтанд, ки дар он муваффақ нашуданд. Ва ба айбҷӯӣ [ва мухолифат] барнахостанд, магар пас аз онки Аллоҳ таоло ва Паёмбараш [бо бахшидани ғаноим] ононро аз фазли хеш бениёз карданд. Пас, агар тавба кунанд, барояшон беҳтар аст ва агар рӯй бигардонанд, Аллоҳ таоло ононро дар дунё ва охират ба азоби дарднок дучор месозад ва дар замин ҳеҷ корсозу ёваре нахоҳанд дошт
At-Tawbah 9:74
Compare 2 Tajik translations
يَحْلِفُونَ بِاللَّهِ مَا قَالُوا وَلَقَدْ قَالُوا كَلِمَةَ الْكُفْرِ وَكَفَرُوا بَعْدَ إِسْلَامِهِمْ وَهَمُّوا بِمَا لَمْ يَنَالُوا ۚ وَمَا نَقَمُوا إِلَّا أَنْ أَغْنَاهُمُ اللَّهُ وَرَسُولُهُ مِنْ فَضْلِهِ ۚ فَإِنْ يَتُوبُوا يَكُ خَيْرًا لَهُمْ ۖ وَإِنْ يَتَوَلَّوْا يُعَذِّبْهُمُ اللَّهُ عَذَابًا أَلِيمًا فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ ۚ وَمَا لَهُمْ فِي الْأَرْضِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا نَصِيرٍ
DragHold to move · × to hide
Ба Худо савганд мехӯранд, ки нагуфтаанд, вале калимаи куфрро бар забон рондаанд. Ва пас аз он ки ислом оварда буданд, кофир шудаанд. Ва қасдкорӣ карданд, аммо ба он ноил нашуданд. Айбҷӯиашон аз он рӯст, ки Худову паёмбараш аз ғаниматҳо босарваташон карданд. Пас, агар тавба кунанд, хайрашон дар он аст ва агар рӯйгардон шаванд. Худо ба азоби дардноке дар дунёву охират азобашон хоҳад кард ва онҳоро дар рӯи замин на дӯстдоре хоҳад буд ва на мададкоре!