[Эй паёмбар] Ба ростӣ, ки мо гардондани рӯятро ба [сӯйи] осмон [ки дар интизори ваҳйи илоҳӣ барои тағйири қибла ҳастӣ] мебинем. Акнун туро ба [сӯйи] қиблае бозмегардонем, ки ба он хушнуд мешавӣ, пас, рӯйи худро ба сӯйи Масҷид-ул-ҳаром кун ва [шумо низ, эй муъминон, барои адои намоз] ҳар ҷо будед, рӯйи худро ба сӯйи он бигардонед. Касоне, ки китоби [осмонӣ] ба онҳо дода шуд, ба хубӣ медонанд, ки ин [тағйири қибла фармони] ҳақ аст [ва] аз ҷониби Парвардигорашон мебошад ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунанд, ғофил нест
Al-Baqarah 2:144
Compare 2 Tajik translations
قَدْ نَرَىٰ تَقَلُّبَ وَجْهِكَ فِي السَّمَاءِ ۖ فَلَنُوَلِّيَنَّكَ قِبْلَةً تَرْضَاهَا ۚ فَوَلِّ وَجْهَكَ شَطْرَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ ۚ وَحَيْثُ مَا كُنْتُمْ فَوَلُّوا وُجُوهَكُمْ شَطْرَهُ ۗ وَإِنَّ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ لَيَعْلَمُونَ أَنَّهُ الْحَقُّ مِنْ رَبِّهِمْ ۗ وَمَا اللَّهُ بِغَافِلٍ عَمَّا يَعْمَلُونَ
DragHold to move · × to hide
Нигаристанатро ба атрофи осмон мебинем, Туро ба сӯи қиблае, ки меписандӣ, мегардонем. Пас рӯй ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед, рӯй ба он ҷониб кунед. Аҳли китоб медонанд, ки ин дигаргунӣ ба ҳақ ва аз ҷониби Парвардигорашон будааст. Ва Худо аз он чӣ мекунед, ғофил нест!