Агар барои онон, ки китоби [осмонӣ] ба эшон дода шудааст, ҳар нишона [ва далеле барои ҳаққонияти тағйири қибла] биёварӣ, [боз ҳам] аз қиблаи ту пайравӣ намекунанд ва ту [низ] аз қиблаи онон пайравӣ нахоҳӣ кард ва бархе аз онон низ аз қиблаи бархе дигар пайравӣ намекунанд ва агар пас аз он ки илму дониш ба ту расидааст, аз хостаҳои [нафсонии] онон [дар мавриди қибла ва дигар аҳком] пайравӣ кунӣ, дар ин сурат мусалламан аз ситамгорон хоҳӣ буд
Al-Baqarah 2:145
Compare 2 Tajik translations
وَلَئِنْ أَتَيْتَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ بِكُلِّ آيَةٍ مَا تَبِعُوا قِبْلَتَكَ ۚ وَمَا أَنْتَ بِتَابِعٍ قِبْلَتَهُمْ ۚ وَمَا بَعْضُهُمْ بِتَابِعٍ قِبْلَةَ بَعْضٍ ۚ وَلَئِنِ اتَّبَعْتَ أَهْوَاءَهُمْ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَكَ مِنَ الْعِلْمِ ۙ إِنَّكَ إِذًا لَمِنَ الظَّالِمِينَ
DragHold to move · × to hide
Барои аҳли китоб ҳар бурҳону нишонае, ки биёвари, аз қиблаи ту пайравӣ нахоҳанд кард ва ту низ аз қиблаи онҳо пайравӣ намекунӣ ва онҳо ҳам худ пайравӣ қиблаи якдигар нахоҳанд буд. Ҳар гоҳ пас аз огоҳӣ паи хоҳишҳои эшон биравӣ, аз ситамкорон хоҳӣ буд.