Al-Baqarah 2:213

Compare 2 Tajik translations

كَانَ النَّاسُ أُمَّةً وَاحِدَةً فَبَعَثَ اللَّهُ النَّبِيِّينَ مُبَشِّرِينَ وَمُنْذِرِينَ وَأَنْزَلَ مَعَهُمُ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ لِيَحْكُمَ بَيْنَ النَّاسِ فِيمَا اخْتَلَفُوا فِيهِ ۚ وَمَا اخْتَلَفَ فِيهِ إِلَّا الَّذِينَ أُوتُوهُ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْهُمُ الْبَيِّنَاتُ بَغْيًا بَيْنَهُمْ ۖ فَهَدَى اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا لِمَا اخْتَلَفُوا فِيهِ مِنَ الْحَقِّ بِإِذْنِهِ ۗ وَاللَّهُ يَهْدِي مَنْ يَشَاءُ إِلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ

القرآن الكريم

DragHold to move · × to hide

[Дар оғоз] мардум як уммат буданд [аммо дар амри дин ихтилоф карданд]; он гоҳ Аллоҳ таоло паёмбаронро башоратбахшу бимдиҳанда барангехт ва ҳамроҳ бо онон китоб [-и осмонӣ]-ро ба ҳақ нозил кард, то миёни мардум дар он чи ихтилоф доштанд, доварӣ кунанд; ва фақат касоне, ки Таврот] ба онон дода шуда буд – пас аз он ки нишонаҳои равшан ба онҳо расид – ба хотири ситам ва ҳасодате, ки байнашон буд, дар мавриди он ихтилоф карданд; пас, Аллоҳ таоло ба фармони хеш касонеро, ки имон оварда буданд, ба ҳақиқате, ки дар он ихтилоф доштанд, ҳидоят намуд; ва Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад

Rowwad Translation Center

Мардум як уммат буданд, пас Худо паёмбарони хушхабардиҳанда ва тарсонандаро бифиристод ва бар онҳо китоби барҳақ нозил кард, то он китоб дар он чӣ мардум ихтилоф доранд, миёнашон ҳукм кунад, вале ғайри касоне, ки китоб бар онҳо нозил шуда ва ҳуҷҷатҳо ошкор гашта буд, аз рӯи ҳасаде, ки нисбат ба ҳам меварзиданд, дар он ихтилоф накарданд. Ва Худо мӯъминонро ба иродаи худ дар он ҳақиқате, ки ихтилоф мекарданд, роҳ намуд, ки Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад!

AbdolMohammad Ayati