[Эй муъминон] Оё пиндоштаед, ки вориди биҳишт мешавед, ҳол он ки ҳанӯз монанди он чи бар [сари] пешиниёни шумо омад, бар [сари] шумо наомадааст? Душворӣ ва зиён ба эшон расид ва [он чунон сахтӣ кашиданд ва] ба ларза афтоданд, ки паёмбар ва касоне, ки бо ӯ имон оварда буданд, гуфтанд: "Ёрии Аллоҳ таоло кай фаро хоҳад расид"? Огоҳ бошед! Бе тардид ёрии Аллоҳ таоло наздик аст
Al-Baqarah 2:214
Compare 2 Tajik translations
أَمْ حَسِبْتُمْ أَنْ تَدْخُلُوا الْجَنَّةَ وَلَمَّا يَأْتِكُمْ مَثَلُ الَّذِينَ خَلَوْا مِنْ قَبْلِكُمْ ۖ مَسَّتْهُمُ الْبَأْسَاءُ وَالضَّرَّاءُ وَزُلْزِلُوا حَتَّىٰ يَقُولَ الرَّسُولُ وَالَّذِينَ آمَنُوا مَعَهُ مَتَىٰ نَصْرُ اللَّهِ ۗ أَلَا إِنَّ نَصْرَ اللَّهِ قَرِيبٌ
DragHold to move · × to hide
Мепиндоред, ки ба биҳишт хоҳед рафт? Ва ҳанӯз он чӣ бар сари пешиниёни шумо омада, бар сари шумо наёмада? Ба онҳо сахтиву ранҷ расид ва такон дода шуданд, то он ҷо, ки маёмбар ва мӯъминоне, ки бо ӯ буданд, гуфтанд: «Пас ёрии Худо кай хоҳад расид?» Бидон, ки ёрии Худо наздик аст!