[Эй паёмбар] Оё [аз достони] гурӯҳе аз [ашрофу бузургони] Бани Исроил хабар дорӣ, ки баъд аз Мӯсо ба паёмбари худ гуфтанд: "Фармонравое бароямон интихоб кун, то [ба дастураш] дар роҳи Аллоҳ таоло биҷангем"? [Паёмбарашон] Гуфт: "Шояд агар ҷиҳод бар шумо муқаррар шавад, [сарпечӣ кунед ва] ҷиҳод накунед". Гуфтанд: "Чаро дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод накунем, дар ҳоле ки аз хонаҳоямон ронда шудаем ва писаронамон [-ро куштаанд ё ба асорат бурдаанд]"? Пас, ҳангоме ки ҷанг бар эшон муқаррар шуд – ҷуз иддаи каме аз онон – [ҳамагӣ] сарпечӣ карданд; ва Аллоҳ таоло ба [ҳоли паймоншиканон ва] ситамгорон доност
Al-Baqarah 2:246
Compare 2 Tajik translations
أَلَمْ تَرَ إِلَى الْمَلَإِ مِنْ بَنِي إِسْرَائِيلَ مِنْ بَعْدِ مُوسَىٰ إِذْ قَالُوا لِنَبِيٍّ لَهُمُ ابْعَثْ لَنَا مَلِكًا نُقَاتِلْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۖ قَالَ هَلْ عَسَيْتُمْ إِنْ كُتِبَ عَلَيْكُمُ الْقِتَالُ أَلَّا تُقَاتِلُوا ۖ قَالُوا وَمَا لَنَا أَلَّا نُقَاتِلَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَقَدْ أُخْرِجْنَا مِنْ دِيَارِنَا وَأَبْنَائِنَا ۖ فَلَمَّا كُتِبَ عَلَيْهِمُ الْقِتَالُ تَوَلَّوْا إِلَّا قَلِيلًا مِنْهُمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِالظَّالِمِينَ
DragHold to move · × to hide
Оё он гурӯҳ аз банӣ-Исроилро пас аз Мӯсо надидӣ, ки ба яке аз паёмбарони худ гуфтанд: «Барои мо подшоҳе қарор кун, то дар роҳи Худо биҷангем». Гуфт: «Напиндоред, ки агар ҷанг бар шумо муқаррар шавад, аз он сар бозхоҳед зад?» Гуфтанд: «Чаро дар роҳи Худо наҷангем, дар ҳоле, ки мо аз сарзаминамон берун ронда шудаем ва аз фарзандонамон ҷудо афтодаем?» Ва чун ҷанг бар онҳо муқаррар шуд, ҷуз андаке аз он рӯй бартофтанд. Худо ба ситамкорон огоҳ аст!