Al-Baqarah 2:247

Compare 2 Tajik translations

وَقَالَ لَهُمْ نَبِيُّهُمْ إِنَّ اللَّهَ قَدْ بَعَثَ لَكُمْ طَالُوتَ مَلِكًا ۚ قَالُوا أَنَّىٰ يَكُونُ لَهُ الْمُلْكُ عَلَيْنَا وَنَحْنُ أَحَقُّ بِالْمُلْكِ مِنْهُ وَلَمْ يُؤْتَ سَعَةً مِنَ الْمَالِ ۚ قَالَ إِنَّ اللَّهَ اصْطَفَاهُ عَلَيْكُمْ وَزَادَهُ بَسْطَةً فِي الْعِلْمِ وَالْجِسْمِ ۖ وَاللَّهُ يُؤْتِي مُلْكَهُ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ

القرآن الكريم

DragHold to move · × to hide

Паёмбарашон ба онон гуфт: "Аллоҳ таоло Толутро ба фармонравоии шумо баргузидааст". [Онон] гуфтанд: "Чи гуна ӯ бар мо фармонравоӣ мекунад, дар ҳоле ки мо ба фармонравоӣ аз ӯ сазовортарем ва аз мол [-и дунё низ] баҳраи чандоне [ба вай] дода нашудааст"? Ӯ гуфт: "Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло ӯро бар шумо баргузида ва донишу неруи ҷисмиашро вусъат бахшидааст; ва Аллоҳ таоло фармонравоии худро ба ҳар ки бихоҳад медиҳад ва Аллоҳ таоло кушоишгару доност"

Rowwad Translation Center

Пайғамбарашон ба онҳо гуфт: «Худо Толутро подшоҳи шумо кард». Гуфтанд: «Чӣ гуна ӯро бар мо подшоҳӣ бошад? Мо сазовортар аз ӯ ба подшоҳӣ ҳастем ва уро дороии чандоне надодаанд». Гуфт: «Худо ӯро бар шумо баргузидааст ва ба донишу тавони ӯ бияфзудааст ва Худо подшоҳияшро ба хар кӣ хоҳад, диҳад, ки Худо дарбаргиранда ва доност!»

AbdolMohammad Ayati