[Эй паёмбар], оё [достони] он шахсро надонистаӣ, ки аз [сари мастӣ] он ки Аллоҳ таоло бар ӯ фармонравоӣ бахшида буд бо Иброҳим дар бораи Парвардигораш муҷодала мекард? Ҳангоме ки Иброҳим гуфт: "Парвардигори ман касе аст, ки зинда мекунад ва мемиронад". [Намруд] Гуфт: "Ман [низ] зинда мекунам ва мемиронам". Иброҳим гуфт: "Аллоҳ таоло хуршедро аз машриқ [берун] меоварад, пас, ту онро аз мағриб биёвар". [Дар ин ҷо] Он ки куфр варзида буд, мабҳут шуд; ва Аллоҳ таоло ситамгоронро ҳидоят намекунад
Al-Baqarah 2:258
Compare 2 Tajik translations
أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِي حَاجَّ إِبْرَاهِيمَ فِي رَبِّهِ أَنْ آتَاهُ اللَّهُ الْمُلْكَ إِذْ قَالَ إِبْرَاهِيمُ رَبِّيَ الَّذِي يُحْيِي وَيُمِيتُ قَالَ أَنَا أُحْيِي وَأُمِيتُ ۖ قَالَ إِبْرَاهِيمُ فَإِنَّ اللَّهَ يَأْتِي بِالشَّمْسِ مِنَ الْمَشْرِقِ فَأْتِ بِهَا مِنَ الْمَغْرِبِ فَبُهِتَ الَّذِي كَفَرَ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ
DragHold to move · × to hide
Он касеро, ки Худо ба ӯ подшоҳӣ арзонӣ карда буд, надидӣ, ки бо Иброҳим дар бораи Парвардигораш ҳуҷҷаторӣ мекард? Он гоҳ, ки Иброҳим гуфт: «Парвардигори ман зинда мекунад ва мемиронад». Ӯ гуфт: «Ман низ зинда мекукам ва мемиронам». Иброзҳим гуфт: «Худо хуршедро аз машриқ, бармеоварад, ту онро аз мағриб баровар». Он кофир ҳайрон шуд. Зеро Худо ситамкорокро ҳидоят намекунад!