Al-Baqarah 2:259

Compare 2 Tajik translations

أَوْ كَالَّذِي مَرَّ عَلَىٰ قَرْيَةٍ وَهِيَ خَاوِيَةٌ عَلَىٰ عُرُوشِهَا قَالَ أَنَّىٰ يُحْيِي هَٰذِهِ اللَّهُ بَعْدَ مَوْتِهَا ۖ فَأَمَاتَهُ اللَّهُ مِائَةَ عَامٍ ثُمَّ بَعَثَهُ ۖ قَالَ كَمْ لَبِثْتَ ۖ قَالَ لَبِثْتُ يَوْمًا أَوْ بَعْضَ يَوْمٍ ۖ قَالَ بَلْ لَبِثْتَ مِائَةَ عَامٍ فَانْظُرْ إِلَىٰ طَعَامِكَ وَشَرَابِكَ لَمْ يَتَسَنَّهْ ۖ وَانْظُرْ إِلَىٰ حِمَارِكَ وَلِنَجْعَلَكَ آيَةً لِلنَّاسِ ۖ وَانْظُرْ إِلَى الْعِظَامِ كَيْفَ نُنْشِزُهَا ثُمَّ نَكْسُوهَا لَحْمًا ۚ فَلَمَّا تَبَيَّنَ لَهُ قَالَ أَعْلَمُ أَنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

القرآن الكريم

DragHold to move · × to hide

Ё ҳамчун он, ки аз шаҳр [-и вайрону матрук] гузашт, ки сақфҳо ва деворҳояш фурӯ рехта буд. [Ӯ бо худ] Гуфт: "Чи гуна Аллоҳ таоло [аҳли] ин [диёр] – ро пас аз маргашон зинда мекунад"? Пас Аллоҳ таоло ӯро [ба муддати] сад сол миронид, [ва] сипас зинда кард [ва ба ӯ] гуфт: "Чанд муддат [дар ин ҳол] мондаӣ"? Гуфт: "Як рӯз ё бахше аз як рӯз [дар ин ҳол] мондаам". Фармуд: "Чунин нест; сад сол [дар чунин ҳоле] мондаӣ. Ба хӯрданиву нӯшиданиат бингар, ки бо гузашти замон дигаргун нашудааст ва ба дарозгӯши худ бингар [ки чӣ гуна муталошӣ шудааст. Мо чунин кардем то ба суолат посух гӯем] ва туро барои мардум нишонае [дар мавриди қиёмат] қарор диҳем. [Акнун] Ба устухонҳои он [ҳайвон] нигоҳ кун, ки чи гуна онҳоро ба ҳам пайванд медиҳем ва сипас гӯште бар он мепӯшонем". Пас, ҳангоме ки [қудрати илоҳӣ бар зинда кардани мурдагон] барояш ошкор шуд, гуфт: "[Ба яқин] Медонам, ки Аллоҳ таоло бар ҳар коре тавоност"

Rowwad Translation Center

Ё монанди он кас, ки ба деҳе расид. Деҳе, ки сақфҳои биноҳояш фурӯ рехта буд. Гуфт: «Аз куҷо Худо ин мурдагонро зинда кунад?» Худо ӯро ба муддати сад сол миронд. Он гоҳ зиндааш кард. Ва гуфт: «Чӣ муддат дар ин ҷо будӣ?» Гуфт; «Як рӯз ё қисмате аз рӯз». Гуфт: «На, сад сол аст, ки дар ин ҷо будаӣ. Ба таъому обат бингар, ки тағйир накардааст ва ба харат бингар, мехоҳем туро барои мардумол ибрате гардонем, бингар, ки устухонҳоро чӣ гуна ба ҳам мепайвандем ва гӯшт бар он мепӯшонем». Чун қудрати Худо бар ӯ ошкор шуд, гуфт: «Медонам, ки Худо бар ҳар коре тавоност!

AbdolMohammad Ayati