Al-Baqarah 2:265

Compare 2 Tajik translations

وَمَثَلُ الَّذِينَ يُنْفِقُونَ أَمْوَالَهُمُ ابْتِغَاءَ مَرْضَاتِ اللَّهِ وَتَثْبِيتًا مِنْ أَنْفُسِهِمْ كَمَثَلِ جَنَّةٍ بِرَبْوَةٍ أَصَابَهَا وَابِلٌ فَآتَتْ أُكُلَهَا ضِعْفَيْنِ فَإِنْ لَمْ يُصِبْهَا وَابِلٌ فَطَلٌّ ۗ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ

القرآن الكريم

DragHold to move · × to hide

Ва масали касоне, ки амволи худро барои талаби хушнудии Аллоҳ таоло ва ба хотири боваре, ки дар дилҳояшон [ба подоши Аллоҳ таоло] доранд, инфоқ мекунанд, ҳамчун бӯстоне бар теппае аст, ки борони тунде бар он борад ва меваҳояшро дучандон ба бор оварад; ва агар борони тунде ҳам ба он нарасад, борони сабук [низ замини покашро пурсамар месозад]; ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, огоҳ аст

Rowwad Translation Center

Ва мисоли касоне, ки амволи хешро барои талаби ризой Худо аз рӯи яқин ва эътиқод харҷ мекунанд, мисли бӯстонест бар теппае, ки бороне сахт бар он борад ва дучандон мева диҳад ва агар на бороне сахт, нарм бороне бар он борад. Худо ба корҳои шумо биност!

AbdolMohammad Ayati