Оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки боғе аз дарахтони хурмо ва ангур дошта бошад, ки аз зери онҳо ҷӯйборҳо [-и гуворо] равон аст ва ҳар гуна мева барояш ба бор меоварад ва [аммо] дар ҳоле ки ба синни пирӣ расида ва фарзандон [-и хурдсол] ва нотавон дорад, ногаҳон гирдбоди оташин дар он занаду [ҳамаи боғ] бисӯзад? [Ҳоли касоне, ки садақаҳои худро бо миннату озор ва риё ботил мекунанд низ чунин аст]. Аллоҳ таоло бад-ин гуна оёт [-и худ]-ро барои шумо равшан месозад; бошад, ки биандешед
Al-Baqarah 2:266
Compare 2 Tajik translations
أَيَوَدُّ أَحَدُكُمْ أَنْ تَكُونَ لَهُ جَنَّةٌ مِنْ نَخِيلٍ وَأَعْنَابٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ لَهُ فِيهَا مِنْ كُلِّ الثَّمَرَاتِ وَأَصَابَهُ الْكِبَرُ وَلَهُ ذُرِّيَّةٌ ضُعَفَاءُ فَأَصَابَهَا إِعْصَارٌ فِيهِ نَارٌ فَاحْتَرَقَتْ ۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمُ الْآيَاتِ لَعَلَّكُمْ تَتَفَكَّرُونَ
DragHold to move · × to hide
Оё аз миёни шумо касе ҳает, ки дӯст дошта бошад, ки ӯро бӯстоне аз хурмову ангур буда бошад ва ҷӯйҳо дар пои дарахтонаш ҷорӣ бошад ва ҳар гуна мевае диҳад ва худ пир шуда ва фарзандоне нотавон дошта бошад, ба ногоҳ, гирдбоде оташнок дар он бӯстон афтад ва бисӯзад? Худо оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, бошад, ки бияндешед!