Al-Qasas 28:75

Compare 2 Tajik translations

وَنَزَعْنَا مِنْ كُلِّ أُمَّةٍ شَهِيدًا فَقُلْنَا هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ فَعَلِمُوا أَنَّ الْحَقَّ لِلَّهِ وَضَلَّ عَنْهُمْ مَا كَانُوا يَفْتَرُونَ

القرآن الكريم

DragHold to move · × to hide

Ва аз ҳар уммате гувоҳе бармегузинем [ки паёмбари онон аст ва дар мавриди куфрашон шаҳодат медиҳад]. Сипас ба онон мегӯем: «Далели [куфру ширки] хешро биёваред», пас, медонанд, ки ҳақ аз они Аллоҳ таоло аст ва дурӯғҳое, ки мебофтанд [ва он чи мушрикона мепарастиданд], маҳву нобуд гаштааст

Rowwad Translation Center

Ва аз ҳар миллате шоҳиде биёварем ва гӯем: «Далели худ биёваред. Он гоҳ бидонанд, ки ҳақ аз они Оллоҳ аст ва он бутон, ки ба дурӯғ худо мехонданд нобуд шаванд».

AbdolMohammad Ayati