Al-Qasas 28:76

Compare 2 Tajik translations

إِنَّ قَارُونَ كَانَ مِنْ قَوْمِ مُوسَىٰ فَبَغَىٰ عَلَيْهِمْ ۖ وَآتَيْنَاهُ مِنَ الْكُنُوزِ مَا إِنَّ مَفَاتِحَهُ لَتَنُوءُ بِالْعُصْبَةِ أُولِي الْقُوَّةِ إِذْ قَالَ لَهُ قَوْمُهُ لَا تَفْرَحْ ۖ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ الْفَرِحِينَ

القرآن الكريم

DragHold to move · × to hide

Қорун аз қавми Мӯсо буд, аммо бар онон фахрфурӯшӣ намуд ва аз ганҷина он қадар ба вай дода будем, ки [ҳатто] ҳамли калидҳояш барои гурӯҳе неруманд мушкил буд. Ҳангоме ки [мардуми] қавмаш ба ӯ гуфтанд: «[Ба хотири сарватат чунин мағруру] сармаст набош. Бе тардид, Аллоҳ таоло сармастонро дӯст намедорад

Rowwad Translation Center

Қорун аз қавми Мӯсо буд, ки бар онҳо афзунӣ ҷуст. Ва ба ӯ чунон ганҷҳое додем, ки бардоштани калидҳояш бар гурӯҳе аз мардуми нерӯманд душвор менамуд. Он гоҳ, ки қавмаш ба ӯ гуфтанд: «Сармаст мабош, зеро Худо сармастонро дӯст надорад.

AbdolMohammad Ayati