At-Tahrim 66:8

Compare 2 Tajik translations

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا تُوبُوا إِلَى اللَّهِ تَوْبَةً نَصُوحًا عَسَىٰ رَبُّكُمْ أَنْ يُكَفِّرَ عَنْكُمْ سَيِّئَاتِكُمْ وَيُدْخِلَكُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ يَوْمَ لَا يُخْزِي اللَّهُ النَّبِيَّ وَالَّذِينَ آمَنُوا مَعَهُ ۖ نُورُهُمْ يَسْعَىٰ بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَبِأَيْمَانِهِمْ يَقُولُونَ رَبَّنَا أَتْمِمْ لَنَا نُورَنَا وَاغْفِرْ لَنَا ۖ إِنَّكَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

القرآن الكريم

DragHold to move · × to hide

Эй касоне, ки имон овардаед, ба сӯйи Аллоҳ таоло тавба кунед, тавбае холисона. Умед аст Парвардигоратон гуноҳонатонро аз шумо бизудояд ва шуморо ба боғҳое [аз биҳишт] ворид кунад, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст. Дар рӯзе ки Аллоҳ таоло Паёмбар ва касонеро ки ҳамроҳи ӯ эмон овардаанд хор намекунад. Нурашон пешопеши онон ба самти росташон дар ҳаракат аст, мегӯянд: «Парвардигоро, нури моро ба тамом [ва камол] бирасон ва моро биёмурз. Бе гумон, Ту бар ҳар чиз тавоноӣ».

Rowwad Translation Center

Эй касоне, ки имон овардаед, ба даргоҳи Худо тавба кунед, тавбае аз рӯи ихлос. Бошад, ки Парвардигоратон гуноҳонатонро маҳв (дур) кунад ва шуморо ба биҳиштҳое дохил кунад, ки дар он наҳрҳо ҷорист. Дар он рӯз Худо паёмбар ва касонеро, ки бо ӯ имон овардаанд, хору зор накунад ва нурашон пешопеш ва самти росташон дар ҳаракат бошад. Мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, нури моро барои мо ба камол расон ва моро бибахшой, ки Ту бар ҳар коре тавоно ҳастӣ!»

AbdolMohammad Ayati