At-Tawbah 9:69

Compare 2 Tajik translations

كَالَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ كَانُوا أَشَدَّ مِنْكُمْ قُوَّةً وَأَكْثَرَ أَمْوَالًا وَأَوْلَادًا فَاسْتَمْتَعُوا بِخَلَاقِهِمْ فَاسْتَمْتَعْتُمْ بِخَلَاقِكُمْ كَمَا اسْتَمْتَعَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ بِخَلَاقِهِمْ وَخُضْتُمْ كَالَّذِي خَاضُوا ۚ أُولَٰئِكَ حَبِطَتْ أَعْمَالُهُمْ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ ۖ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْخَاسِرُونَ

القرآن الكريم

DragHold to move · × to hide

[Шумо мунофиқон] Ҳаммонанди касоне [ҳастед], ки пеш аз шумо буданд, [балки] онон аз шумо нерумандтар буданд ва амволу фарзандони бештаре доштанд. Пас, аз баҳраи хеш [дар дунё] бархурдор шуданд ва шумо низ аз баҳраи худ бархурдор шудед ҳамчунон ки онон ки пеш аз шумо буданд [низ] аз баҳраи хеш бархурдор шуданд. Ва шумо [дар гуноҳи такзиби ҳақ ва тавҳин ба паёмбари худ] фурӯ рафтед, ҳамон тавре ки онон фурӯ рафтанд. Онон аъмолашон дар дунё ва охират табоҳ гашт ва ононанд, ки табоҳкоронанд

Rowwad Translation Center

Ҳамонанди касоне, ки пеш аз шумо буданд, бо нерӯи бештар ва дороиву фарзандонн бештар, Онҳо аз насиби хеш баҳраманд шуданд. Шумо низ аз насиби хеш баҳраманд шудаед, ҳамчунон, ки касоне, ки пеш аз шумо будаанд, аз насиби хеш баҳраманд шуда буданд. Шумо суханони ботил гуфтед, ҳамчунон, ки онҳо сухани ботил мегуфтанд. Аъмоли онон дар дунёву охират ночиз гардид ва зиёнманд шуданд.

AbdolMohammad Ayati