Оё хабари касоне, ки пеш аз онон буданд, ба онон нарасидааст? [Касоне ҳамчун] Қавми Нуҳ ва Од ва Самуд ва қавми Иброҳим ва асҳоби Мадян [қавми Шуайб] ва шаҳрҳои зерурӯшуда [-и қавми Лут], ки паёмбаронашон далоили равшан барояшон оварданд [вале онон напазируфтанд]. Пас, Аллоҳ таоло бар он набуд, ки [бо нузули азоб] ба онон ситам кунад, балки худ бар хештан ситам мекарданд
At-Tawbah 9:70
Compare 2 Tajik translations
أَلَمْ يَأْتِهِمْ نَبَأُ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ قَوْمِ نُوحٍ وَعَادٍ وَثَمُودَ وَقَوْمِ إِبْرَاهِيمَ وَأَصْحَابِ مَدْيَنَ وَالْمُؤْتَفِكَاتِ ۚ أَتَتْهُمْ رُسُلُهُمْ بِالْبَيِّنَاتِ ۖ فَمَا كَانَ اللَّهُ لِيَظْلِمَهُمْ وَلَٰكِنْ كَانُوا أَنْفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ
DragHold to move · × to hide
Оё хабари касоне, ки пеш аз онҳо будаанд, чун қавми Нӯҳ ва Оду Самуд ва қавми Иброҳиму асҳоби Мадяну Муътафикаро нашунидаанд, ки паёмбаронашон бо нишонаҳои ошкор бар онҳо фиристода шуданд? Худо ба онҳо ситам намекард, онон худ бар худ ситам мекарданд!